Ширкати суғуртаи Чин дар бозори Тоҷикистон боқӣ мемонад

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) муҳлати амали иҷозатномаи ҶДММ “Суғуртаи Тоҷик ва Чин”-ро ба муҳлати 5 сол дароз кард. Тавре шуъбаи матбуоти БМТ хабар медиҳад, қарори Раёсати Бонки миллӣ дар бораи тамдиди муҳлати иҷозатнома ба суғуртаи ихтиёрии ин ширкат 19 феврали соли равон қаббул шудааст. ҶДММ “Суғуртаи Тоҷик ва Чин” аз соли 2015 дар бозори суғуртаи […]

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) муҳлати амали иҷозатномаи ҶДММ “Суғуртаи Тоҷик ва Чин”-ро ба муҳлати 5 сол дароз кард.

Тавре шуъбаи матбуоти БМТ хабар медиҳад, қарори Раёсати Бонки миллӣ дар бораи тамдиди муҳлати иҷозатнома ба суғуртаи ихтиёрии ин ширкат 19 феврали соли равон қаббул шудааст.

ҶДММ “Суғуртаи Тоҷик ва Чин” аз соли 2015 дар бозори суғуртаи Тоҷикистон фаъолият мекунад. Муассиси он “Корпоратсияи Чин” мебошад, қайд мешавад дар сомонаи расмии ширкат, лекин маълум нест, ки маҳз дар бораи кадом корпоратсияи Чин сухан меравад.

Бонки миллӣ дар сомонаи худ ҶДММ “Чунзин Хайзин”-ро молиики бастаи пурраи саҳмияҳои ин ташкилот номбар мекунад. Ҳаҷми сармояи оинномавии “Суғуртаи Тоҷик ва Чин” 500 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Дар бозори суғуртаи Тоҷикистон феълан ҳамагӣ 18 ширкати суғурта фаъолият доранд, ки 2-тоаш давлатӣ  ва 16-тоаш ғайридавлатӣ мебошанд.

Бо қарори ҳукумат ширкатҳои суғурта (ва бозсуғурта)-и Тоҷикистон уҳдадор шуданд, ки то 1 апрели соли равон ҳаҷми сармояи оинномавии худро зиёд кунанд.

Мувофиқи меъёрҳои нав сармояи оинномавии ширкатҳои суғурта вобаста ба шакли моликият ва навъи суғурта бояд аз 2 млн то 50 млн сомонӣ (ҳозир – аз 500 ҳазор то 40 млн сомонӣ)-ро ташкил диҳад.

Роҳандозии чунин тадбирҳоро дар Бонки миллӣ ба “Азия-Плюс” чунин шарҳ доданд, ки “ҳиссаи суғурта дар иқтисод ҳамагӣ 0,74% нисбат ба ММД-ро ташкил медиҳад, ки яке аз нишондиҳандаҳои паст дар ҷаҳон аст ва он мустақиман ба талаботи нокофӣ ба сармояи оинномавӣ вобаста аст”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.