spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Оғози дубораи эътирозҳои зиддиҳукуматӣ дар Эрон

Дар шаҳри Теҳрон, пойтахти Эрон эътирозҳои зиддиҳукуматӣ дубора оғоз шуда, тазоҳургарон асосан ба ҷавобгарӣ кашидани онҳоеро талаб доранд, ки дар суқути ҳавопаймои "Боинг"-и украинӣ айбдор мешаванд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, шоҳидон гуфтаанд, бештари тазоҳургарон донишҷӯён ҳастанд, ки шуморашон наздик ба ҳазор нафар аст. Эътирозҳои пешинро кормандони пулиси Эрон пароканда карда буданд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Сарвазири Канада: ҳавопаймои украинӣ бо зарбаи мушаки Эрон сарнагун шуд

Эътирозҳо дар Эрон зидди раҳбарияти олии ин кишвар рӯзи шанбе пас аз он дубора оғоз шуданд, ки фармондеҳии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ иштибоҳан сарнагун сохтани ҳавопаймои украиниро эътироф кард. Ҳамаи 176 мусофир ва узви экипажи ҳавопаймо, ки аз Теҳрон ба Киев парвоз мекард, ҷон бохтанд. Мақомоти Эрон дар аввал мегуфтанд, ки ҳавопаймо дар натиҷаи оташ гирифтани муҳаррик суқут кард.

Хабаргузории нимарасмии Форс навиштааст, ки баъзе аз тазоҳургарон аксҳои Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи собиқи воҳиди Қудс дар Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эронро пора мекунанд. Генерали эронӣ рӯзи 3-юми январ дар натиҷаи зарбаи мушакии Амрико кушта шуд. Ба тахмини хабаргузории Форс, теъдоди тазоҳургарон аз 700 то 1000 нафар будааст.

Хабаргузории Фаъолони Ҳуқуқи Инсон бо нашри видео дар вебсайташ навишт, ки мақомоти интизомӣ барои пароканда кардани тазоҳургарон дар Теҳрон аз гази ашковар истифода кардаанд. Эрон рӯзи 11-уми январ эътироф кард, ки низомиёни кишвар ҳавопаймои ширкати украиниро дар канори Теҳрон “тасодуфан” задаанд. Ба қавли артиш, ҳавопайморо, ки ба самти як таъсисоти махфии низомии Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ ҳаракат кардааст, “душман” пиндошта ва бо мушак задаанд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Намояндаи доимии Эрон дар СММ: “Теҳрон интиқом барои Сулаймониро анҷом дод”

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико бо тарафдорӣ аз тазоҳургарони “шуҷоъ” дар Эрон ҳамзамон ба ҳукумати ин кишвар ҳушдор додааст, ки чашми ҷаҳониён ба сӯйи онҳост. Баъди сарнагун кардани тасодуфии ҳавопаймои мусофирбари Украина, садҳо нафар аз эрониён ба хиёбонҳои Теҳрон рехтанд ва эътироз карданд.

Доналд Трамп, рӯзи 11-уми январ дар Твиттер навиштааст: “Ба мардуми шуҷоъ ва ранҷкашидаи Эрон. Ман аз ибтидои давраи раёсати ҷумҳуриам бо шумо истодаам ва давлати ман ҳамчунон бо шумо хоҳад истод. Мо тазоҳуроти шуморо аз наздик дунбол мекунем. Шуҷоати шумо илҳомбахш аст”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...