Боқир дар Хоруғ бистарӣ шудааст: заҳролуд ё вируси роҳи нафас?

Date:

Мамадбоқир Мамадбоқиров яке аз саркардаҳои гуруҳҳои пурнуфузи ғайрирасмӣ дар ВМКБ дар Маркази тиббии Оқохон дар шаҳри Хоруғ як ҳафта пеш бистарӣ шудааст. "Радиои Озодӣ" бо истинод ба духатри ӯ гуфтааст, ки наздиконаш ба заҳролуд шудани ӯ ишора мекунанд, вале духтурон беморияшро "синусит ва сирояти вирус" гуфтаанд. 

Баргигул Мамадбоқирова, духтари Мамадбоқиров  ба "Озодӣ" гуфтааст, ки вазъи падараш рӯзи 22-юми феврал дар хона бад шуд ва ӯро тавассути мошини ёрии таъҷилӣ ба бемористон оварданд.

"Сараш ба дард даромад ва табларзааш гирифт. Дастонаш ба шиддат меларзиданд ва табаш то 41 дараҷа боло рафт. Ӯ ба мо нигоҳ мекард, вале ба назар мерасид, зеҳнашро аз даст додааст ва намешиносад. Вақте мошини ёрии таъҷилӣ омад, намедонист, духтурон аз ӯ чӣ мепурсанд",-гуфтааст Баргигул.

Ӯ гуфтааст, дар риштаи тибби Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург мехонад дарк, кардааст, ки "инҳо нишонаҳои заҳролудшавиянд", вале пурра тасдиқ карда наметавонад. Ба қавли вай, Мамадбоқиров моҳи ноябри соли гузашта, бино бар синусит ҷарроҳӣ шуд, аммо ҳеч гоҳ чунин нишонаҳо надошт. Пайвандонаш мегӯянд, дар таърихи бемории Мамадбоқиров "сирояти шадиди роҳҳои нафас" зикр шудааст.

Як манбаи огоҳи "Озодӣ" аз Маркази тиббии оқохон эҳтимоли заҳролудшавии Мамадбоқир Мамадбоқировро рад карда, гуфтааст "бадшавии вазъи саломатӣ бар асари кадом як сирояти вирус ва синусит рух додааст". 

Мамадбоқир Мамадбоқиров, яке аз "лидерҳои ғайрирасмӣ" дар Хоруғ, сарҳанги бознишастаи неруҳои марзбонии Тоҷикистон мебошад. Бори охир номи ӯ дар соли 2018 дар сархатти расонаҳо пайдо шуд, замоне ки раиси ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Бадахшон рафт ва саркардаҳои ғайрирасмии минтақаро интиқод намуд.

Мақомоти Тоҷикистон ӯ ва чанд тани дигар, аз ҷумла Толиб Айёмбеков, Мамадбоқир Мамадбоқиров, Ёдгор Мамадасламов, Хурсанд Мазоров ва Мунаввар Шанбиевро борҳо аз шумули саркардаҳои гуруҳҳои мутташаккили ҷиноӣ ном бурдаанд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...