Даргузашти ҳунарпешаи маъруфи театру синамо Фотима Ғуломова

Ҳунарпешаи маъруфи театру синамои тоҷик Фотима Ғуломова чанд лаҳза пеш, бар асари беморие, ки дошт дар синни 87-солагӣ дар Душанбе даргузашт. Дар ин бора фарзанди ӯ Шаҳбоз Абдураззоқов дар Фейсбук хабар додааст.  Фотима Ғуломова ҳунарпешаи хизматнишондодаи Тоҷикистон, бештар аз 40 сол дар саҳнаи Театри давлатии академии драмавии ба номи Лоҳутӣ ҳунарнамоӣ кардааст.  Ӯ баъди хатми […]

Ҳунарпешаи маъруфи театру синамои тоҷик Фотима Ғуломова чанд лаҳза пеш, бар асари беморие, ки дошт дар синни 87-солагӣ дар Душанбе даргузашт. Дар ин бора фарзанди ӯ Шаҳбоз Абдураззоқов дар Фейсбук хабар додааст. 

Фотима Ғуломова ҳунарпешаи хизматнишондодаи Тоҷикистон, бештар аз 40 сол дар саҳнаи Театри давлатии академии драмавии ба номи Лоҳутӣ ҳунарнамоӣ кардааст. 

Ӯ баъди хатми театр-студияи тоҷикии Донишкадаи давлалати ҳунари театрии  Москва (ГИТИС) дар соли 1961 корро ба унвони ҳунрапешаи Театри Лоҳутӣ оғоз мекунад.

Ӯ дар намоишҳои «Бой ва ғулом», «Шоҳ Лир», «Рӯдакӣ», «Рустам ва Суҳроб», «Мо аз боми ҷаҳон» ва ғайра нақшҳои мондагоре офаридааст.

Фотима Ғуломова модари Барзу Абдураззоқов коргардони пуровозаи тоҷик ва ҳамсари нахустини Ҳабибулло Абдураззоқов ҳунарманд ва коргардони номошнои  Тоҷикистон буд.

Ҳабибулло Абдураззоқов низ чанде пеш, 19-уми январи имсол дар синни 84-солагӣ дар Душанбе даргузашт ва дар оромгоҳи чеҳраҳои шинохтаи тоҷик дар Лучоб ба хок супурда шуд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.