Корхонаи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон – «Артель Авеста Электроникс» оид ба истеҳсоли техникаи маишӣ, ки ояндаи наздик дар Душанбе ба кор медарояд, муддати 5 сол аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз даромад, ҳамчунин боҷҳои гумрукӣ озод карда мешавад.
Дар ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Созишномаи сармоягузорӣ байни ҳукумати Тоҷикистон, ҶДММ “Авесто Гурӯҳ” ва ҶДММ “Artel Engineering and Management”-и Ӯзбекистон оид ба сохтмон ва истифодабарии корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти маишии “Артел Авесто Электроникс” дар шаҳри Душанбе тасдиқ шуд.
Тавре раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Фаррух Ҳамрализода ба вакилон хабар дод, корхонаи муштараки нав ба сармоягузории умумии 10 млн. доллари ИМА сохта шуда, барои бунёд ва муҷаҳҳаз гардонидани он ҳар кадоме аз тарафҳо 5 млн. долларӣ ҷудо мекунанд.
Айни замон барои ба истифода додани корхона қариб ҳама чиз омода буда, 9 нафар кормандони тоҷикистонии ин ширкати муштарак аз давраи якмоҳаи таҷрибаомӯзӣ дар корхонаи “Artel Engineering and Management”-и шаҳри Тошканд гузаштанд.
Нахуст дар остонаи ҷашни Наврӯз корхона ба истеҳсоли чангкашак ва обгармкунак, сипас то охири сол ба истеҳсоли телевизор ва мошини либосшӯйӣ оғоз мекунад.
Коргоҳҳои истеҳсолии корхонаи муштараки нав дар кӯчаи Ҳувайдуллоев, дар соҳили дарёи Душанбе, наздикии маркази савдои “Ёвар” бунёд шудаанд.
Ба ҷуз таъмини бозори дохилии Тоҷикистон, корхона ният дорад, ки маҳсулоташро ба Афғонистону Покистон низ содирот кунад.
Қобили зикр аст, ки маҳсулоти Artel дар бозори Тоҷикистон аллакай муаррифӣ шуда, ба аҳолии кишвар писанд омадааст.
Корхонаи “Артел” соли 2011 таъсис ёфта, барои эҳтиёҷоти хоҷагии халқи Ӯзбекистон таҷҳизоти маишии барқӣ истеҳсол мекунад. Номгӯйи маҳсулоти корхона 500 адад, иқтидори солонаи истеҳсолот – беш аз 5 млн. адад таҷҳизоти маишӣ ва 10 млн. адад чароғҳои каммасрафи барқиро ташкил медиҳад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.