Саидҷаъфар Усмонзода: маблағи хидмати пулакӣ ҳангуфт аст, зӯри ҳама намерасад

Раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ), вакили палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” изҳор намуд, ки то имрӯз чанде аз донишҷӯёни хатмкунандаи макотиби олӣ бо ин масъала ба ӯ муроҷиат кардаанд. Ба онҳо интихоб лозим – як сол хизмати ҳарбиро адо кардан ё бо пардохти пул як моҳ гузаштан аз хизмати ҳарбии эҳтиётӣ. Айни […]

Аваз Юлдашев, Asia-Plus

Раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ), вакили палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” изҳор намуд, ки то имрӯз чанде аз донишҷӯёни хатмкунандаи макотиби олӣ бо ин масъала ба ӯ муроҷиат кардаанд.

Ба онҳо интихоб лозим – як сол хизмати ҳарбиро адо кардан ё бо пардохти пул як моҳ гузаштан аз хизмати ҳарбии эҳтиётӣ. Айни замон 25 ҳазор сомонӣ маблағи пардохт барои хизмати эҳтиётӣ баррасӣ мешавад, лекин ин ҳоло ҳадди ниҳоӣ набуда, то охири март ҳукумат дар ин бора ба хулосаи ниҳоӣ мерасад.

“Дар мактабҳои олӣ ба онҳо аллакай эълон кардаанд, ки ин маблағ аз 25 то 28 ҳазор сомониро ташкил хоҳад дод, – гуфт вакил. – Хатмкунандагон ҳайронанд, ки аз куҷо ин қадар пул меёбанд ва кӣ ин маблағи имрӯз барои Тоҷикистон ҳангуфтро фикр карда баровардааст”.

“Ҳамасола мактабҳои Тоҷикистонро ҳудуди 65 ҳазор наврас хатм карда, талаботи артиш бошад 15 ҳазор наваскаронро ташкил медиҳад ва ин маънои онро дорад, ки дар як сол қариб 50 ҳазор кас бояд аз хизмати ҳарбии пулакӣ гузаранд, – мегӯяд ӯ. – Ман мутаминам, ки аз ин 50 ҳазор  ҷавон ҳамагӣ ҳудуди 5-6% аз ҳисоби волидони сарватманди худ метавонанд 25 ҳазор пули хизматро супорида, боқимонда ба ин кор имкон надоранд, ки метавонад миёни аҳолӣ норозигӣ ба вуҷуд орад”.

Ба ақидаи ӯ, маблағи пардохт барои хизмати ҳарбӣ набояд аз 2-4 ҳазор сомонӣ зиёд бошад, “ба мисле, ки дар Ӯзбекистон муқаррар шудааст”.

“Президенти Тоҷикистон ҳамеша мансабдорони давлатиро даъват мекунад, ки дар бораи осон кардани зиндагии мардум фикр кунанд, лекин қарорҳои бемулоҳиза, аз ҷумла дар бораи хизмати пулакӣ метавонад боиси норозигиҳо шавад ва ман аз мансабдорони Вазорати мудофиа ва Хадамоти зиддиинҳисорӣ даъват мекунам, ки дар қабули қарор оид ба ин масъала ба шитобкорӣ роҳ надиҳанд”, – илова кард Усмонзода.

Ёдрас мекунем, ки палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон рӯзи 20 январ ба таҳрири нави қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” мувофиқат кард.

Мувофиқи тағйирот, дар ҷумҳурӣ намуди нави хидмат барои ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ ҷорӣ мешавад. Муҳлати он як моҳ ва бо пардохти маблағи муайян пешбинӣ гардида, ба хатмкардагони макотиби олӣ низ акнун лозим меояд, ки дар артиш як сол хизмат кунанд. Хатмкунандагоне, ки як сол хизмат кардан намехоҳанд, низ бояд бо пардохти маблағ як моҳ хизмат кунанд.

Зимни шарҳи ин тағйирот ба вакилон вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Шералӣ Мирзо қайд карда буд, ки “ҳамасола ҳамагӣ ҳудуди 10% ҷавонон ба хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ даъват шуда, боқимонда 90% аз хизмат канор мемонанд”.

“Барои ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ намуди нави хизмат ташкил мешавад: дар муддати як моҳ бо пардохти маблағи муайян онҳо маҳорати гузаштан аз хизмати ҳарбиро меомӯзанд. Бо анҷоми ин курсҳо ба онҳо шаҳодатномаи ҳарбӣ дода мешавад”, – гуфта буд вазири мудофиаи Тоҷикистон.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.