Раиси Суғд аз рӯзноманигорон даъват кард, ки танқид кунанд, таъриф лозим нест

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ҷаласае бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик, ки ба шуморе аз рӯзноманигорони шимоли кишвар туҳфаву диплом, медалу унвонҳои соҳаваӣ ва ҷоизаи рӯзноманигорони вилоят ба номи Ҳоҷӣ Содиқ супурда шуд, аз рӯзноманигорон даъват кард, ки интиқод ҳам бикунанд. Аҳмадзода аз он интиқод кард, ки рӯзноманигорон аз таърифкуниҳо, махсусан дар телевизион парҳез кунанд. Раиси […]

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ҷаласае бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик, ки ба шуморе аз рӯзноманигорони шимоли кишвар туҳфаву диплом, медалу унвонҳои соҳаваӣ ва ҷоизаи рӯзноманигорони вилоят ба номи Ҳоҷӣ Содиқ супурда шуд, аз рӯзноманигорон даъват кард, ки интиқод ҳам бикунанд.

Аҳмадзода аз он интиқод кард, ки рӯзноманигорон аз таърифкуниҳо, махсусан дар телевизион парҳез кунанд.

Раиси вилоят дар суҳбат бо рӯзноманигорони расонаҳои чопиву электронии Суғд, ахиран аз барномаҳои якрангу мадҳгӯйи зиёди телевизионҳо интиқод кард. Зоҳиран ишораи Аҳмадзода ба ягона телевизинони давлатӣ дар минтақа, телевизиони “Суғд” буд. “Баъдан ба телевизион таъриф ҳам даркор нест. Имрӯз телевизиони вилоятиро дар ҷумҳурӣ ва бурун аз он мебинанд”,-гуфтааст Аҳмадзода.

Раиси вилояти Суғд мегӯяд, аз танқиду гуфтаҳои рӯзноманигорон ранҷидан лозим нест. Вай гуфт, фақат беғаразона баҳодиҳӣ кунем ва воқеиятро бигӯем басанда аст. Бино ба гуфти Раҷаббой Аҳмадзода мақомот бо ҳама намуди расонаҳои давлативу ғайридавлатӣ ҳамкорӣ мекунад, ки барои пешрафти ҷомеъаи демократӣ аст. 

“Мо бояд беғаразона кор кунем, диламон сӯхтанамон даркор ва амаламон бояд як бошад. Гуруҳбозӣ накунем, хешутаборчигӣ накунем. Мо бояд ҳақиқатро гӯем, сафедро сафеду сияҳро сияҳ гӯем. Мо имрӯз ҷудо накунем ин пулдор ва ӯ мансабдор гуфта, ҳама бояд дар ин самт равем, чун тинҷиву оромии дар Тоҷикистон буда дар дигар ҷой нест”.

Дар ҳоле Раҷаббой Аҳмадзода аз ситоишҳои зиёд дар барномаҳои телевизионии қаламрави шимолии Тоҷикистон интиқод кард, ки коршиносон мегӯянд дуруст аст, ки солҳои ахир маводҳои таҳлиливу танқидӣ дар расонаҳои маҳаллии Суғд кам шудааст.

Илҳом Ҷамолиён, раиси Иттифоқи  журналистони Тоҷикистон дар вилояти Суғд мегӯяд, имрӯз беҳуда Раҷаббой Аҳмадзода аз таърифкуниҳои зиёди рӯзноманигорон дар барномаҳои телевизионӣ интиқод накард, балки худи мақомот низ аз чунин барномаҳо дигар мондаю хаста шудааст.

“Чаро ба ин мавзӯъ таваҷҷуҳ карданду ба истилоҳ супориш доданд, барои ман маълум нест. Аммо тахмин мезанам, он маводе, ки имрӯз дар сатҳи бештар пиар пешкаш шуда истодааст, баъзан пиари беҳунарона ва баъзан бисёр пиари дағал ҳам ҳаст, онро дар назар доранд. Ва ошкорои дилбеҳузуркунанда ҳам ҳаст. Фикр мекунам, ки раиси вилоят ҳам аз ҳамин чиз дигар мондаю хаста шудааст”.  

Илҳоми  Ҷамолиён дар идома гуфт рӯзноманигорон ба масъалаҳо аз нигоҳи танқидӣ ҳам назар кунад, чун кам шудани маводи таҳлиливу интиқодӣ ба мақомот маълум шудааст ва беҳуда раиси вилоят ҳам тазаккур надодааст.

Аммо рӯзноманигори ҳафтаномаи нашрияи “Сухани халқ” Моҳира Раҳимзода назари дигар дорад ва мегӯяд, барои ошкоргӯиҳояш масъулин ӯро баъд мебинанд.

“Дар фаъолиятам, ки бо раисони ҳизб доштам ҳамеша ҳақиқатро мегӯям. Барои ҳақиқатро гуфтанам бештари инсонҳо маро дӯст намедонанд. Бояд, ки мо ҳақиқатро камбудиро гӯем”-афзуд ӯ.

Дар шимолии Тоҷикистон 17 шабакаи телевизион, аз ҷумла 1 телевизиони давлатӣ, 15 радио, ки яке шабакаи давлатист ва беш аз 50 ҳафтаномаю  маҷалла мавҷуд аст. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.