Хоҷа Шақиқи Балхиро Себистон мекунанд: идомаи тағйири номи деҳаҳо

Маҷлисҳои вакилони халқи вилояти Хатлон ва ноҳияи Тоҷикобод бо пешниҳоди тағйири номи маҳаллаҳои аҳолинишин ба ҳукумат муроҷиат кардаанд. Ҳукумат низ аз палатаи болоии парлумон дархост кардааст, ки аз ин ташаббус ҷонибдорӣ шавад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ. Ба ин тариқ, пешниҳод шудааст, ки дар ноҳияи Фархор ҷамоати “Деҳқонариқ” ба […]

Маҷлисҳои вакилони халқи вилояти Хатлон ва ноҳияи Тоҷикобод бо пешниҳоди тағйири номи маҳаллаҳои аҳолинишин ба ҳукумат муроҷиат кардаанд. Ҳукумат низ аз палатаи болоии парлумон дархост кардааст, ки аз ин ташаббус ҷонибдорӣ шавад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ.

Ба ин тариқ, пешниҳод шудааст, ки дар ноҳияи Фархор ҷамоати “Деҳқонариқ” ба “Деҳқонобод”, ҷамоати “20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон” – ба “Истиқлол”, ҷамоати “Ғайрат” – ба “Хуросон”, ҷамоати “Ғалаба” – ба “Хутан” ва деҳаи Хуррамзамин – ба Ориён табдили ном кунанд.

Дар ноҳияи Данғара тағйири номи ҷамоати “Оқсӯ” ба “Сафобахш”, деҳаи Хоҷа Шақиқи Балхӣ – ба Себистон, деҳаи Мундоқ – ба Доманкӯҳ ва деҳаи Кангӣ – ба Меҳргон пешниҳод шудааст.

Пешниҳод шудааст, ки дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ номи ҷамоати Узун ба Золи Зар, ҷамоати Фрунзе – ба Навоӣ, деҳаи Москва – ба Зарзамин, деҳаи Ҳосилот – ба Обчакорон, деҳаи Киров – ба Даштобод ва деҳаи Ташробод – ба Сабзадашт иваз карда шавад.

Дар ноҳияи Темурмалик номи шаҳраки Советро ба Баҳманрӯд, ҷамоати Лақайи Кармишевро – ба Кӯшктеппа, ҷамоати Бобоюнусро – ба Чилчаҳ ва ҷамоати Қарақамишро – ба Ҳусайнобод тағйир доданианд.

Дар ноҳияи Тоҷикобод табдили номи ҷамоати Мунвавваршо Шогадоев ба Зарафшон, деҳаи Келинбоқӣ – ба Сурхкӯҳ, деҳаи Капалӣ – ба Сафедмун, деҳаи Зарафшон – ба Шинг ва деҳаи Анвар Қаландаров – ба Анваробод дархост шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.