Баъди нашри хабари “Азия-плюс” дар Ҷайҳун алайҳи раиси ҷамоат парванда боз шуд

Баъди нашри хабари “Дар Ҷайҳун заҳкашеро пур кардаву заминашро барои хонасозӣ тақсим кардаанд”  дар "Азия-Плюс", Додситонии вилояти Хатлон санҷиш гузаронида, алайҳи раиси пешини ҷамоати Қумсангир, ки ҳоло раиси ҷамоати Дӯстии ноҳияи Ҷайҳун мебошад ва муҳандиси заминдории ҳамин ҷамоат, парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст. Додситонии Хатлон алайҳи раиси ҷамоат Муродалӣ Асақолзода бо модаи 247 қисми 3  банди”а” (қалобӣ) ва модаи 3381 […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Баъди нашри хабари “Дар Ҷайҳун заҳкашеро пур кардаву заминашро барои хонасозӣ тақсим кардаанд”  дар "Азия-Плюс", Додситонии вилояти Хатлон санҷиш гузаронида, алайҳи раиси пешини ҷамоати Қумсангир, ки ҳоло раиси ҷамоати Дӯстии ноҳияи Ҷайҳун мебошад ва муҳандиси заминдории ҳамин ҷамоат, парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.

Додситонии Хатлон алайҳи раиси ҷамоат Муродалӣ Асақолзода бо модаи 247 қисми 3  банди”а” (қалобӣ) ва модаи 3381 банди “б,в” (ғайри қонуни додани қитъаи замин) КҶ ҶТ парвандаро боз кардааст.

Бино ба гуфти Рустам Сангинзода, сардори бахши назорати иҷрои қонунгузории замини додситонии вилояти Хатлон, баъди нашри хабар дар бораи пур кардани заҳкаш ва тақсими он ҳамчун замини наздиҳавлигӣ тибқи супориши додситони вилоят санҷиш гузаронида шуд.

“Дар рафти санҷиш маълум шуд, ки Муродалӣ Асақолзода дар давраи раиси ҷамоати деҳоти Қумсангири ноҳияи Ҷайҳун кор кардан дар ду ҳолат аз шаҳрвандон бо ваъдаи ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои масҷидҳои панҷвақтаи Суғдиён 50 ҳазор ва деҳаи Тоҷикистон 20 ҳазор сомонӣ гирифтааст".

Ба гуфтаи ин масъули додситонӣ, ҳамчунин санҷиш маълум кард, ки Муродалӣ Асақолзода бо ваъдаи ҷудо кардани қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз сокини деҳаи Ҷуйбори ҷамоати деҳоти Қумсангир Маҳмадалӣ Забиров 16 ҳазор сомонӣ гирифтааст. Дар ҳамин ҳолат бо маслиҳати пешакӣ бо муҳандиси заминдории ҳамин ҷамоат Фазлиддин Ғоибов ба Маҳмадалӣ Забиров 03, га замин ҷудо карда додаанд”,- гуфт Рустам Сангинзода.

Ба гуфти манбаъ алайҳи Фазлиддин Ғоибов низ ин ниҳод дар доираи парвандаи ҷиноӣ тафтишотро идома медиҳад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.