Шаҳрдорӣ: Роҳкирои нақлиёти ҷамъиятии Душанбе гарон намешавад

Пас аз болоравии арзиши роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии вилояти Суғд сокинони шаҳри Душанбе нигаронанд, ки ин ҳолат то ба пойтахт ҳам мерасад. Дар шаҳрдории Душанбе имрӯз ба “Азия-Плюс” итминон доданд, ки алҳол болоравии нархи роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳр пешбинӣ нашудааст. “Ин масъала ҳатто баррасӣ нашуда, болоравии арзиш дар назар нест. Сокинону меҳмонони пойтахт осуда […]

Пас аз болоравии арзиши роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии вилояти Суғд сокинони шаҳри Душанбе нигаронанд, ки ин ҳолат то ба пойтахт ҳам мерасад.

Дар шаҳрдории Душанбе имрӯз ба “Азия-Плюс” итминон доданд, ки алҳол болоравии нархи роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳр пешбинӣ нашудааст.

“Ин масъала ҳатто баррасӣ нашуда, болоравии арзиш дар назар нест. Сокинону меҳмонони пойтахт осуда буда метавонанд”, – гуфтанд дар дафтари матбуоти шаҳрдорӣ.

Айни замон арзиши як бор нишастан дар автобусҳои пойтахт 1 сомониву 20 дирам, дар троллейбус – 1 сомонӣ ва микроавтобусҳо (маршруткаҳо)-и 1 сомониву 60 дирамро ташкил медиҳад.

Арзиши роҳкиро дар аксари автобусу троллейбусҳои шаҳр бо кортҳои City card пардохт мешавад.

Тарифҳои зерин амал мекунанд:

Хуш омадед – тарифи стандартӣ (маъмулӣ, бидуни тахфиф);

Тахфифӣ – 15% тахфиф (камшавӣ) аз арзиши роҳкиро. Барои ҳамаи мусофироне, ки дар як маротиба ба экспресс-корт 50 сомонӣ маблағ пардохт мекунанд, пешбинӣ шудааст;

Донишҷӯ – 30% тахфиф аз арзиши роҳкиро. Барои ҳамаи донишҷӯён (бо пешниҳоди дафтарчаи донишҷӯӣ) пешбинӣ шудааст.

Наврас – 50% тахфиф аз арзиши роҳкиро. Барои кӯдакони синни аз 5 то 12-сола пешбинӣ шудааст;

Ройгон – роҳкирои бепул барои имтиёздорон. Инҳо собиқадорон, нафақахӯрон, шахсони синни аз 75-сола боло, маъюбон, кӯдакони ятиммонда, кормандони милитсия, хизматчиёни ҳарбӣ ва ғайра.

Ҳамчунин билетҳои истифодаашон дарозмуҳлат (проездной) фурӯхта мешаванд. Нархи чунин билет ба нақлиёти ҷамъиятӣ ба муҳлати ним сол барои хонандагони мактабҳо 150 сомонӣ, донишҷӯён – 200 сомонӣ ва шаҳрвандон – 300 сомонӣ муқаррар шудааст.

Маблағи билети истифода барои як сол мутаноситбан 200, 350 ва 500 сомонӣ нарх дорад.

Ёдрас мекунем, ки дар натиҷаи болоравии нархи сӯзишворӣ дар вилояти Суғд, арзиши роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятӣ ва таксиҳо қимат шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.