Карнаю сурнай, мансабдорон ва 300 мухлиси ашаддӣ. Пешвози Хушқадам Хусравов дар Душанбе

Date:

Самбокори тоҷик Хушқадам Хусравов (вазни 64 кг) дар мусобиқаи Ҷоми ҷаҳонии самбои ёдбуди бунёдгузори самбо Харлампиев дар Маскав соҳиби медали тилло шуд. Ӯ дар сабқати финалӣ варзишгари Ӯзбекистон Ҳомидҷон Муминовро мағлуб кард.

Шоми рӯзи якшанбе Хушқадам Хусравовро, соати 22.00 дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе бо шукӯҳу шаҳомат истиқбол карданд.

Миёни пешвозгирандагон Мавсума Муинӣ, муовини раиси шаҳри Душанбе, Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш, муовинони ӯ Дилшод Назаров ва Ризо Назарзода, раиси Федератсияи самбои Тоҷикистон Давлатмурод Наҳтуллозода, раиси Бошгоҳи варзишии Вазорати ммудофиаи Тоҷикистон Фарҳод Раҳматуллоев, Шоҳзод Раҳимзода, сардори Раёсати ҷавонон ва варзиши пойтахт, мураббиёни устодони варзишгар, мансабдорони дигари воломақоми Вазорати мудофиа, намояндагони дигар Вазорату идора ва корхонаву ташкилот, наздикону пайвандон ва дӯстони варзишгар, инчунин зиёда аз 300 нафар мухлисон ҳузур доштанд.

Бояд гуфт, ки Хушқадам Хусравов аз миёни се варзишгари тоҷик, ки ин Ҷоми ҷаҳониро ба даст овардаанд, ягона самбокоре аст, ки ибори дувум ин ҷомро соҳиб мешавад.

Хушқадам Хусравов паҳлавони маъруфи сатҳи ҷаҳонӣ, Қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи самбо, Қаҳрамони самбои ҷаҳон миёни ҷавонон,  ҷоизадори медали нуқра ва ду медали биринҷии қаҳрамонии самбои ҷаҳон, 3 карат Қаҳрамони самбои Осиё, барандаи ҷомҳои ҷаҳонии самбо ва марҳилаҳои Ҷоми ҷаҳон, 11 карат Қаҳрамони самбои ҶТ, 4 карат Қаҳрамони ҷудои Тоҷикистон, 5 карат Қаҳрамони гӯштини миллии ҶТ, 2 карат Қаҳрамони кураш мебошад. 

МЕДИА (YOUTUBE)

Қобили зикр аст, ки дар мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон дар риштаи самбо дар Маскав самбокорони тоҷик дар умум 6 медал дарёфт карданд.

Ба ҷуз Хушқадам, Ҷамшед Сафаров дар вазни -71кг самбои размӣ,  Акмалиддин Каримов (-58кг), Садр Боев (-88кг) дар самбои варзишӣ, Меҳрубони Абдулҳақ (-64кг), Фирдавс Мирзоев (-79кг) дар самбои размӣ ба дарёфти медалҳои биринҷии мусобиқа шарафёб гардиданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...