Соса-Cоla – Чемпионати футболи Тоҷикистон: мавсими нав 4 апрел оғоз мегардад

Date:

Рӯзи 4 апрел мавсими нави Соса-Cоla – Чемпионати футболи Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олии ҷумҳурӣ оғоз мегардад. Дар мавсими ҷашнии 30-юми чемпионат 10 даста иштирок мекунанд, хабар медиҳад маркази матбуоти Федератияи футболи Тоҷикистон.

Рӯзи якшанбеи ҳамин ҳафта ду бозии даври якум доир мегардад. “Файзканд”-и Восеъ дар майдони худ КМВА (ЦСКА)-и Душанбе ва “Хуҷанд” дар варзишгоҳи “20-солагии Итстиқлолияти Тоҷикистон” тими “Душанбе”-ро қабул мекунад.

Рӯзи душанбе, 5 апрел дастаи нави Лигаи олӣ – “Эсхата”-и Хуҷанд дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” бо дастаи “Хатлон”-и Бохтар бозӣ мекунад.

Бозии дигари даври якум рӯзи сешанбе, 6 апрел дар Истаравшан байни дастаҳои “Истаравшан” ва “Равшан”-и Кӯлоб баргузор мешавад.

Қобили зикр аст, ки дар робита ба омодагӣ ва иштироки тими “Истиқлол”-и Душанбе дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО-2021 ҳамаи бозиҳои ин даста дар оғози мавсим ба муҳлати дертар мавқуф гузошта шуда, пас аз бозгашти ҳайати даста аз Арабистони Саудӣ дар рӯзҳои эҳтиётӣ доир мегарданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...