Сафирони Тоҷикистону Қирғизистон дар Маскав во хӯрдаанд

Дар Маскав рӯзи 5 апрел вохӯрии сафирони Тоҷикистону Қирғизистон дар Русия Имомуддин Сатторов ва Гулнара–Клара Самат баргузор шуд. Тавре ки дафтари матбуоти сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар медиҳад, зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва роҳҳои мусоидатгар барои рушди муносибатҳои анъанавии дӯстонаи Тоҷикистону Қирғизистонро мавриди баррасӣ қарор доданд. “Ҳамназарии ҷонибҳо ҷиҳати тақвият додани ҳамкорӣ миёни диаспораҳои […]

Asia-Plus

Дар Маскав рӯзи 5 апрел вохӯрии сафирони Тоҷикистону Қирғизистон дар Русия Имомуддин Сатторов ва Гулнара–Клара Самат баргузор шуд.

Тавре ки дафтари матбуоти сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар медиҳад, зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва роҳҳои мусоидатгар барои рушди муносибатҳои анъанавии дӯстонаи Тоҷикистону Қирғизистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

“Ҳамназарии ҷонибҳо ҷиҳати тақвият додани ҳамкорӣ миёни диаспораҳои ду кишвар тавассути доир намудани чорабиниҳои муштараки фарҳангию варзишӣ, инчунин ташкили ҳамоишҳои илмӣ ва мизҳои мудаввар роҷеъ ба масоили муҳиму рӯзмарра иброз шуд, – омадааст дар хабар сафорат. – Дар зимн таваҷҷуҳи махсус ба механизмҳои ҷалби доираҳои илмию фарҳангӣ аз ҳисоби диаспораҳои тоҷикону қирғизи муқими Россия зоҳир гардид”.

Гуфта мешавад, ҳамчунин омодагии тарафайн ба густариши минбаъдаи ҳамкорӣ миёни ду намояндагии дипломатӣ иброз шуда, ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ наздикии мавқеи давлатҳоро роҷеъ ба чандин масъалаҳои муҳими байналмилалӣ қайд намуданд.

Зикр мегардад, ки роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ бо изҳори боварӣ самаранокӣ ва ба нафъи рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории гуногунҷанба миёни ду кишвар будани суҳбатро таъкид карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.