Душанбе Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии “Сайри Гули лола”-ро соҳиб шуд

Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии  шаҳри Душанбе  рӯзи 11 апрел даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» ва маросими тақдими ҷоизаҳо ба  ғолибон баргузор гардид. Шаҳри Душанбе сазовори Шоҳҷоизаи озмун дониста шуд. Боғи ба номи Аҳмади Дониш беҳтарин боғ дар пойтахт эълон шуд. Дар номинатсияи “Гулгашти беҳтарин” зинаи аввал ба Гулгашти назди Сирки […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии  шаҳри Душанбе  рӯзи 11 апрел даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» ва маросими тақдими ҷоизаҳо ба  ғолибон баргузор гардид.

Шаҳри Душанбе сазовори Шоҳҷоизаи озмун дониста шуд. Боғи ба номи Аҳмади Дониш беҳтарин боғ дар пойтахт эълон шуд. Дар номинатсияи “Гулгашти беҳтарин” зинаи аввал ба Гулгашти назди Сирки давлатӣ (ноҳияи Фирдавсӣ) муносиб дониста шуд. Дар номинатсияи “Вилояти беҳтарин” вилояти Суғд ғолиб эътироф гардид.

Дар номинатсияи «Гулпарвари беҳтарин» корманди Муассисаи давлатии Боғи Ғалаба Гулнигор Ғафурова ҷойи аввалро касб кард, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт.

Озмуни “Сайри гули лола” бори нахуст мутобиқи амри президент соли 2019 дар ҳамаи шаҳру навоҳии кишвар баргузор шуд. Ҳадаф аз он баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, фарҳангу ҷаҳонбинӣ, бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар зеҳни ҳар як сокини мамлакат, ободу зебо намудани ватан ва ҷалби сайёҳон унвон мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.