Нафақахӯрони Тоҷикистон дар як феҳрист номнавис мешаванд. Бо 6 соли таъхир

Аввали ҳамин моҳ доир ба масъалаи таъсиси Феҳристи давлатии ягонаи нафақагирон машварат доир гардид, хабар медиҳад дафтари матбуоти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати Тоҷикистон. Гуфта мешавад, иштирокчиёни машварат – намояндагони вазорату идораҳои дахлдор масоили риояи муқаррароти моддаи 45 Қонуни ҶТ «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва ҳамкорӣ дар ташкили Феҳристи ягонаи нафақагиронро […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Аввали ҳамин моҳ доир ба масъалаи таъсиси Феҳристи давлатии ягонаи нафақагирон машварат доир гардид, хабар медиҳад дафтари матбуоти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, иштирокчиёни машварат – намояндагони вазорату идораҳои дахлдор масоили риояи муқаррароти моддаи 45 Қонуни ҶТ «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва ҳамкорӣ дар ташкили Феҳристи ягонаи нафақагиронро баррасӣ карданд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни ҷаласа роҳҳои ҳамкорӣ ва усулҳои мубодилаи иттилоотӣ байни мақомоти қудратӣ ва Агентӣ мавриди муҳокимаи васеи иштирокчиён қарор гирифт.

“Иштирокдорон ба мувофиқа расиданд, ки дар чорчӯбаи қонунгузории амалкунанда ташкили Феҳристи ягонаи нафақагирон мувофиқи мақсад буда, барои пешгирии ҳолатҳои содиршавии қонуншиканӣ дар соҳаи таъминоти нафақа мусоидат менамояд”, – омадааст дар хабари Агентӣ.

Тағйирот ба муқаррароти таъсис ва пешбурди Феҳристи ягонаи нафақагирон ба қонуни мазкур ҳанӯз моҳи марти соли 2015 ворид шуда буд.

“Бо мақсади таъмини баҳисобгирии нафақагирон ва амалӣ намудани ҳуқуқҳои онҳо ба таъминоти нафақавӣ, мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа вазифадор аст, ки баъди ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо барои таъини нафақа ҳамаи нишондиҳандаҳои онҳоро ба Феҳристи (рӯйхати) ягонаи давлатии нафақагирон дохил намояд”, – гуфта мешавад дар моддаи 45-и қонун.

Зикр мегардад, ки тамоми мақомоти дигари давлатӣ, ки ба зиммаи онҳо таъини нафақа вогузор мебошад, вазифадоранд маълумоти қайдгардидаро дар муддати 30 рӯзи баъди таъини нафақа ба мақомоти ваколатдори давлатӣ пешниҳод кунанд.

Тартиби пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии нафақагиронро ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Тибқи маълумоти Агентии омор, ба ҳолати 1 марти соли 2021 шумори нафақахӯрон дар кишвар 734 ҳазору 611 нафарро ташкил медиҳад.

Маблағи миёнаи нафақа дар ҷумҳурӣ 321,63 сомонӣ ($28,4), маблағи миёнаи нафақаи корӣ – 391,27 сомонӣ ($34,6), нафақаи миёнаи суғуртавӣ – 289,67 сомонӣ ($25,6) ва нафақаи миёнаи иҷтимоӣ – 185,33 сомонӣ ($16,4) зикр мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.