ТВ «Варзиш» ҳамаи бозиҳои “Истиқлол”-ро дар Лигаи қаҳрамонҳои КФО зинда намоиш медиҳад

Шабакаи телевизионии “Варзиш” тамоми бозиҳои “Истиқлол”-и Душанберо дар Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021, ки аз 15 то 30 апрел дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, мустақиман намоиш медиҳад. Шабакаи телевизионии “Варзиш” тамоми бозиҳои “Истиқлол”-и Душанберо дар Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021, ки аз 15 то 30 апрел дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, мустақиман намоиш медиҳад. Бино ба иттилои маркази матбуоти […]

Asia-Plus

Шабакаи телевизионии “Варзиш” тамоми бозиҳои “Истиқлол”-и Душанберо дар Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021, ки аз 15 то 30 апрел дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, мустақиман намоиш медиҳад.

Шабакаи телевизионии “Варзиш” тамоми бозиҳои “Истиқлол”-и Душанберо дар Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021, ки аз 15 то 30 апрел дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, мустақиман намоиш медиҳад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ФФТ бо истинод ба гуфтаҳои директори ТВ “Варзиш” Парвиз Нориён, шабакаи телевизионӣ ҳуқуқи пахши бозиҳои Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021-ро дар минтақаи Ғарб ба даст овард, ки дар он ҷо чемпиони Тоҷикистон “Истиқлол”-и Душанбе низ баромад мекунад.

Ҳарифони “Истиқлол” дар гурӯҳи “А” дастаҳои «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ), «Шубоб Ал-Аҳли Дубай» (АМА) ва АГМК (Ӯзбекистон) мебошанд. Бозиҳои ин гурӯҳ дар Варзишгоҳи байналмилалии ба номи Шоҳ Фаҳд ва варзишгоҳи Шоҳзода Файсал Бин Фаҳд дар Ар-Риёз мегузаранд.

Гуфта мешавад, қаҳрамони Тоҷикистон бозии аввалини худро дар мусобиқаи асосии бошгоҳии Осиё ба муқобили қаҳрамони АМА дастаи “Шубоб Ал-Аҳли Дубай” анҷом медиҳад. Ин бозӣ рӯзи панҷшанбеи 15 апрел дар варзишгоҳи шоҳзода Файсал Бин Фаҳд дар Риёз баргузор мешавад. Вохӯрӣ соати 22:00 ба вақти маҳаллӣ (00:00 Душанбе) оғоз мешавад.

Тибқи Низомнома, аз рӯи натиҷаҳои марҳилаи гурӯҳӣ, ғолибони панҷ гурӯҳ дар ҳар як минтақа, инчунин се даста, ки дар гурӯҳҳои худ бо нишондиҳандаҳои беҳтарин ҷойҳои дуввумро гирифтанд, ба даври 1/8 ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021 роҳхат мегиранд.

Бозиҳои “Истиқлол” дар ин марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021 рӯзҳои 15, 18, 21, 24, 27 ва 30 апрел баргузор мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.