Раиси Суғд бо ҳамтоёни ӯзбекистониву қирғизи худ дар Фарғона вомехӯрад

Date:

Раиси вилояти Суғд, раиси вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон ва вилояти Ботканди Қирғизистон дар ҳамоиши тиҷоратии се вилояти наздисарҳадии минтақаи Осиёи Марказӣ иштирок мекунанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон.

 Ҳайатҳои шахсони расмӣ ва тоҷирон таҳти роҳбарии раиси вилояти Ботканди Қирғизистон Омурбек Суваналиев ва раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рӯзи 22 апрел ба Фарғона ташриф оварда, бо ҳокими ин вилоят Шуҳрат Ғаниев дидору гуфтушунид мекунанд.

Дар Фарғона рӯзи 23 апрел таҳти унвони “Ҳамгироии қаламравҳои наздисарҳадӣ – гарави рушд” (Интеграция приграничных территорий – залог развития) ҳамоиши тиҷоратӣ доир мегардад. Дар доираи кори форум оид ба ҳамкорӣ дар саноат ва бахши кишовразӣ ду иҷлосияи соҳавӣ баргузор мешавад.

Дар барномаи чорабинӣ ба вохӯрии роҳбарони се минтақаи наздисарҳадӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад.

Намояндагони Қирғизистону Тоҷикистон ҳамчунин аз намоишгоҳи маҳсулоти истеҳсоли вилояти Фарғона боздид намуда, бо фаъолияти корхонаҳои бузурги саноатӣ ва кишоварзии минтақа шинос мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...