Назари Пугачёва ба суруди Манижа дар “Евровидение”

Овозхони машҳури Русия Алла Пугачёва доир ба суруди Russian Woman («Русская женщина»)-и Манижаи Сангин (Manizha), ки бо ин суруд ӯ аз Русия дар озмуни “Евровидение” дар соли 2021 намояндагӣ мекунад, изҳори назар кард. Дар ин бора Газета.ру хабар медиҳад. Назари худро Пугачёва дар YouTube-шоу «Музыкалити» баён кард. “Нахуст ӯ (Манижа) як шахсият мебошад <…>. Суруд […]

Asia-Plus

Овозхони машҳури Русия Алла Пугачёва доир ба суруди Russian Woman («Русская женщина»)-и Манижаи Сангин (Manizha), ки бо ин суруд ӯ аз Русия дар озмуни “Евровидение” дар соли 2021 намояндагӣ мекунад, изҳори назар кард. Дар ин бора Газета.ру хабар медиҳад.

Назари худро Пугачёва дар YouTube-шоу «Музыкалити» баён кард.

“Нахуст ӯ (Манижа) як шахсият мебошад <…>. Суруд маҳз барои “Евровидение” аст”, – иброз доштааст овозхон.

Ғайр аз ин, Пугачёва гуфтааст, Манижа ба ӯ маъқул аст ва бо шӯхӣ ба суруди ӯ дар озмун иловае ҳам кардааст.

“Ман аз он сар мекардам, ки “медонам, ки чизе намегирам, лекин ман зани русам, ҳамаашро ба як тини сиёҳ намегирам”. Ана чунин матн хеле хуб мешуд”, – илова намудааст Пугачёва.

Озмуни “Евровидение” бояд рӯзҳои 18-22 май дар толори Ahoy-и Роттердам бо иштироки сарояндагон аз 41 кишвари дунё баргузор шавад. Дар ҳамин ҳол, созмондиҳандагони озмун изҳор доштаанд, ки худи озмун ба таври зинда (офлайн) доир гардида, лекин намояндагони ҳайатҳо, инчунин шумори рӯзноманигоронро кам мекунанд.

Аз Русия дар ин озмун овозхон Манижаи Сангин бо суруди Russian Woman намояндагӣ мекунад. Чанде пеш маълум шуд, ки дар озмун ӯ рӯзи 18 май дар даври аввали нимфиналӣ зери рақами 3 баромад мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.