Тоҷикистон омори ВКД Русия дар бораи муҳоҷирони ғайрирасмиро барзиёд медонад

Раҳбари намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия Зоҳир Мирзоев маълумоти ВКД Русия дар бораи ғайриқонунӣ ҳузур доштани 247 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин кишварро аз будаш зиёд медонад. Мирзоев ин нуктаро ба РИА Новости  гуфтааст ва изҳор доштааст, ки онҳо бо боқии муҳоҷирон корро оғоз кардаанд. Қаблан муовини вазири корҳои дохилии Русия Александр […]

Asia-Plus

Раҳбари намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия Зоҳир Мирзоев маълумоти ВКД Русия дар бораи ғайриқонунӣ ҳузур доштани 247 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин кишварро аз будаш зиёд медонад. Мирзоев ин нуктаро ба РИА Новости  гуфтааст ва изҳор доштааст, ки онҳо бо боқии муҳоҷирон корро оғоз кардаанд.

Қаблан муовини вазири корҳои дохилии Русия Александр Горовой аз намояндагони кишварҳои ИДМ талаб кард, ки дар мавриди муҳоҷирони ғайриқонунии дар Русия ҳузурдошта чора андешанд, то ки кор то ба ихроҷ кардани онҳо нарасад. Мувофиқи маълумоти ВКД, 247 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ғайриқонунӣ ҳузур доранд.

“Ин рақам маълумоти давраи 5, 10,15… солро дар бар мегирад. Ба назари мо, аксари онҳо замоне бо дигар ҳуҷҷатҳо ба Тоҷикистон рафта, дар ҳамон ҷо қарор доранд”, – изҳор доштааст Мирзоев.

Ба гуфтаи номбурда, масалан шахс қонунӣ ба Русия омада, лекин ҳуҷҷатҳояшро гум мекунад ва бо ёрии консулгарии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои нав ё маълумотнома (справка) барои бозгашт ба Тоҷикистон гирифтаааст.

“Чунин муҳоҷирон бо ҳуҷҷатҳои нав қаламрави Русияро тарк мекунанд, лекин дар пойгоҳҳои маълумоти Русия онҳо то ҳол дар Русия ҳузурдошта боқӣ мемонанд. Бо гузашти вақти муайян муҳлати амали ҳуҷҷатҳои онҳо ба охир расида, муҳоҷир мақоми ғайриқонуниро мегирад”, – иброз доштааст ӯ.

Ба қавли вай, дар робита ба муҳоҷирони ғайриқонунии боқимонда бошад, миёни онҳо бисёр касоне ҳастанд, ки ҳамагӣ як ё ду қонуншикании маъмурӣ доранд.

“Дар Маскаву Петербург бо доштани зиёда аз як ҷаримаи маъмурӣ сарфи назар аз қонунӣ кор кардани шахс, пас аз Русия рафтанаш шахс метавонад ба рӯйхати манъ (вуруди нав) дохил шавад. Таолаботи сахт. Дар дигар минтақаҳо – зиёда аз ду қонуншиканӣ. Шахсоне, ки аллакай чунин қонуншиканиҳо доранд, мефаҳманд, ки агар берун аз ҳудуди Русия раванд, дигар ворид шуда наметавонанд. Ба ин тариқ, онҳо дар ҳолати ғайриқонунӣ қарор мегиранд”, – шарҳ додааст ӯ.

Намояндаи Тоҷикистон гуфтааст, миёни ин қонуншиканон шахсоне ҳам ҳузур доранд, ки саривақт маблағи патентро пардохт карда натавонистаанд, зеро барои ин пул надоштанд.

Ҳукумати ҷумҳурӣ айни замон байни шаҳрвандон ҳам дар Русияву ҳам дар Тоҷикистон дар ин бора чораҳо андешида истодааст, то ки одамон аз мақомои худ огаҳ гардида, дар сурати зарурат онро қонунӣ кунанд.

“Амри президенти Русия дар бораи баргузории қонунигардонӣ то 15 июн вуҷуд дорад, ки мувофиқи он ба шуъбаи пулис назди кормандони масъули муҳоҷират омада, ҳуҷҷатҳои худ – корти муҳоҷиратро барқарор ва худро дар маҳалли будубош ба қайд гузоштан лозим аст. Дар идома метавон қонунӣ кор карда, патент гирифт. Мо ҳозир шаҳрвандонамонро аз ин масъала огоҳ мекунем, рӯйхати шаҳрвандон аз гурӯҳи имконпазири хавфро низ дорем”, – гуфтааст Мирзоев.

Шарвандони Тоҷикистон, ки қаламрави Русияро тарк кардаанд, низ метавонанд ба шуъбаҳои хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон муроҷиат намуда, бисанҷанд, ки оё онҳо дар чунин рӯйхатҳои сиёҳ ҳастанд ё на. Сипас ҷониби Тоҷикистон рӯйхати шаҳрвандониеро, ки кайҳо қаламрави Русияро тарк кардаанд, ба Русия медиҳад, то ки номи онҳо аз рӯйхатҳои сиёҳ хориҷ карда шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.