Раиси КДАМ Қирғизистон дар назди сокинони эътирозгар қасам хӯрдааст, ки баҳси марзиро ҳал мекунад

Date:

Дар ноҳияи Қаро-Суи Қирғизистон сокинони деҳаи Интимак алайҳи додани 50 га замин ба обанбори Кампирободи вилояти Андиҷони Ӯзбекистон, даст ба эътироз заданд, хабар медиҳад 24.kg.

Сокинони ин деҳа дар теппаҳои наздики обанбор чор хайма насб кардаву парчами Қирғизистонро боло кардаанд. Ширкаткунандагони иқдоми эътирозӣ хостори мулоқот бо Қамчибек Тошиев, раиси КДАМ Қирғизистон шуданд, ки раиси комиссияи байниҳукуматии таъину аломатгузории минтақаҳои гуногуни марзӣ мебошад. Ин комиссия  охири моҳи март бо ҷониби Ӯзбекистон санади табодули ҳудудҳои баҳснокро мувофиқа карда буд, ки тибқи он 50 га замини Қаро-Су ба обанбори Кампиробод мегузашт. 

Тошиев 19 апрел барои мулоқот ба сокинони ин деҳа омад ва дар рафти суҳбат талош кард ширкаткунандагони эътирозро мутақоид кунад, ки заминро бояд ба кишвари ҳамсоя медодем ва Қирғизистон аз ин танҳо ва танҳо бурд кардааст. "Барои мардуми мо ин санад фоидаовартарин аст. Мо барои ин гуна тасмим гирифтан далел доштем. Бояд мушкили сокинони минтақаҳои дигари ҳудудҳои баҳсиро ҳал мекардем",- гуфтааст Тошиев.

Бино ба навиштаҳои расонаҳои қирғизӣ, Тошиев бо вуҷуди овардани далелҳои зиёд натавонистааст, ки сокини даст ба эътироззадаро мутмаин кунад, аз ин рӯ ваъда кардааст, ки барои тағйири санад бо ҷониби Ӯзбекистон гуфтугӯ мекунад. 

"Ман талош мекунам, ки ба онҳо на 50 га, балки 20 га пешниҳод кунем. Барои ин ман бояд ба Тошканд биравам ва музокира кунем. Ба ҷойи ин 20 га мо мавзеъе дар ноҳияи дигар, шояд дар наздикиҳои Узген бигирем. Ман талош мекунам, хуб? Боқӣ кори Худо",- гуфтааст Тошиев.

Сокинон аз Тошиев хостаанд, ки қасам бихӯрад ва Тошиев ҳам савганд хӯрдааст, – хабар медиҳад Kaktus.media. Рӯзноманигорон аз Тошиев пурсидаанд, ки оё Тошканд ба ин пешниҳод розӣ мешавад, Тошиев гуфтааст, ки ҳаммтоёни ӯзбекамон дарк хоҳанд кард. 

26-уми март Тошиев эълон карда буд, ки кишвараш бо Ӯзбекистон тамоми баҳси марзиро нуқта гузошт. Қирғизистон бо Ӯзбекистон 1,38 ҳазор км марзи муштарак дорад. Баъди пошхӯрии  Шӯравӣ дар ин марз ҳазорон нуқтаҳои баҳсӣ пайдо шуд, ки ин баҳсҳо давоми 30 сол идома дошт. Ҷонибҳо аз соли 2017 бар сари таъину аломатгузории марз ба таври ҷиддӣ кор карданд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...