Нашри маҷҷалаи нави илмиву пажуҳишии тоҷикӣ дар Аврупо бо номи “Тӯроннома”

Date:

Дар  Суед (Шветсия)-и Аврупо нахустин шумораи маҷаллаи нави илмӣ-пажӯҳишии «Тӯроннома» бо забонҳои тоҷикиву русӣ нашр шуд. Ин маҷаллаи илмӣ аз сӯйи «Институти байналмилалии таҳқиқоти тоҷикпажўҳӣ»  воқеъ дар Суед таъсис дода шудааст.

Ин маҷалла фаслнома буда, дар се моҳ як бор нашр мешавад ва мудири масъули институти таҳқиқотӣ ва сардабири фаслномаи "Тӯроннома" муаррихи тоҷик Луқмон Бойматов мебошад.

Шўрои таҳририяи маҷаллаи «Тӯроннома»-ро донишмандон ва мутахассисони маъруф аз донишгоҳҳо ва муассисоти илмӣ ва пажӯҳишии кишварҳои гуногун, аз ҷумла Тоҷикистон, ташкил мекунанд.

"Умед дорем, ки фаслномаи «Тўроннома» фазои илмиро барои интишор ва баргузории баҳсҳои илмии муассир дар бораи таърихи мардумони Осиёи Марказӣ ва Эрон аз даврони бостон то ба имрўз густардатар мекунад", – мегӯяд сардабири маҷалла.

Тавре ки дар сухани сардабир омадааст, нашри таҳқиқот ва тозатарин баррасиҳои илмӣ-пажӯҳишӣ дар мавриди таърихи мардуми тоҷик аслитарин ҳадафи фаслномаи мазкур мебошад.

Зикр бояд намуд, ки ин маҷалла дар ҳоли ҳозир ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ пахш мешавад ва қарор аст, вежаномаҳои он ба хатт ва забони форсӣ низ ба табъ бирасад.

Дар назар аст, бо ҳамкории ховаршиносон ва коршиносони таърих ва таммадуни Шарқ аз кишварҳои урупоӣ, Иёлоти Муттаҳаидаи Амрико, Конодо, Ҷопон ва гайра, ин фаслномаи тахассусӣ ба номи «Тураника» (“Turanica”) ба забони инглисӣ низ ба табъ бирасад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...