Намояндагии Иттиҳоди Аврупо аз оташбаси Тоҷикистону Қирғизистон пуштибонӣ кардааст

Намояндаи хоси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ Питер Буриан шоми имрӯз, дар як сӯбати телефонӣ бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин изҳор кардааст, ки ИА аз оташбаси ҳосилшуда пуштибонӣ мекунад. Дар ин бора ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад. Бино ба хабарномаи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ин суҳбат бо ибтикори Буриан сурат гирифтааст ва гуфтааст, ки Иттиҳоди […]

Asia-Plus

Намояндаи хоси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ Питер Буриан шоми имрӯз, дар як сӯбати телефонӣ бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин изҳор кардааст, ки ИА аз оташбаси ҳосилшуда пуштибонӣ мекунад. Дар ин бора ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бино ба хабарномаи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ин суҳбат бо ибтикори Буриан сурат гирифтааст ва гуфтааст, ки Иттиҳоди Аврпуо барои кумаки фаннӣ дар марз омодааст. 

Ба иттилои манбаъ, дар ин суҳбат бештар вазъият дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ шудааст. "Вазири корҳои хориҷӣ дар бораи вазъи кунунӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон бо Қирғизистон ва чораҳои андешидашуда дар мавриди оташбас ва созиш дар бораи минбаъд ба эътидол овардани вазъ бо истифода аз роҳҳои сиёсӣ ва дипломатӣ гузориш дод", — навиштааст манбаъ.

Бояд гуфт, ки даргириҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон субҳи имрӯз бар сари тақсимоти об дар деҳаи Хоҷаи Аъло оғоз шуд, ки ба даргириҳои мусаллаҳона аз ҳар ду ҷониб кашонд. Ҳоло бино ба иттилооти то ин замон расида аз ду ҷониб бештар аз 70 нафар захмӣ шудаву  4 нафар аз сӯйи Тоҷикистон ва ду нафар аз ҷониби Қирғизистон кушта шудааст.

Нашри зиндаи хабарҳо дар мавриди даргириҳо ва хабарҳои лаҳза ба лаҳза аз макони рӯйдодро метавонед дар нашри зиндаи "Азия-Плюс" бихонед ва пайгирӣ кунед. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.