Ду сокини Чоркӯҳро ба хок супурданд: омори охирини қурбониёну захмиҳои ду ҷониб

Дар маҳаллаи Сариҷари ҷамоати Чоркуҳи Исфара зуҳри имрӯз, баъд аз намози ҷумъа ду нафар сокини мулкии ин ҷамоатро ба хок супурданд, ки бар асари даргириҳои марзии дирӯз аз сӯйи низомиёни қирғиз кушта шудаанд. Аз ин ду ҷавон кушташуда Ҳикматулло Маҳкамов ва Иброҳимҷон Ҳошимов ном бурда мешавад, ки ҳар ду 26 сол доштаанд.  Хабарнигори "Азия-Плюс" аз макони ҳодиса […]

Asia-Plus

Дар маҳаллаи Сариҷари ҷамоати Чоркуҳи Исфара зуҳри имрӯз, баъд аз намози ҷумъа ду нафар сокини мулкии ин ҷамоатро ба хок супурданд, ки бар асари даргириҳои марзии дирӯз аз сӯйи низомиёни қирғиз кушта шудаанд. Аз ин ду ҷавон кушташуда Ҳикматулло Маҳкамов ва Иброҳимҷон Ҳошимов ном бурда мешавад, ки ҳар ду 26 сол доштаанд. 

Хабарнигори "Азия-Плюс" аз макони ҳодиса хабар медиҳад, ки намози ҷанозаи ин ду ҷавон бо издиҳоми зиёди мардум хонда шуд. Хабарнигори мо мегӯяд, ки то кунун дар бораи шумораи дақиқи захмиёну кушташудаҳо мақомҳои маҳаллӣ омори дақиқе намедиҳанд.

Ҷониби Тоҷикистон то кунун дар мавриди шумораи дақиқи қурбониёну захмиён ҳанӯз ба таври расмӣ чизе нагуфтааст. Субҳи имрӯз ба "Азия-Плюс" як манба дар шаҳрдории Исфара шумораи қурбониёнро 10 нафар гуфт.

Аммо Радиои "Озодӣ" бо такя ба манобеи гуногун дастикам аз шахсияти 8 шаҳрванди кушташудаи Тоҷикистонро мушаххас кардааст:

Салоҳиддин Гадоеваи 28-сола, майор фармондеҳи яке аз дидбонгоҳҳо;

Бахтовар Маҳмудов, ҷавони сокини деҳаи Наймани ҷамоати Сурхи Исфара;

Умедҷон Юсуфов, сокини 32-солаи ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров;

Нерӯз Ғафуров, сокини 28-солаи деҳаи Даҳбеди ҷамоати Қаратоғи шаҳри Турсунзода;

Ҳикматулло Маҳкамов ва Иброҳим Ҳошимзода, ҳар ду сокини 26-солаи ҷамоати Чоркуҳ;

Шералӣ Раҳматзода ва Сафар Набиев, сарбоз;

Ҷониби Қирғизистон омори қурбониён ва захмиҳои ҷониби худро ҳар соат ба таври расмӣ нашр мекунад ва тибқи иттилои охирин дар ин даргириҳои марзӣ 134 нафар аз захмӣ ва 13 нафар ҷон бохтаанд.

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.