Саймумин Ятимов: то даст ёфтан ба натиҷаи мушаххас мо набояд раванди гуфтушунидро шарҳ диҳем

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов мегӯяд, ки мо набояд то даст ёфтан ба тасмими мушаххасе раванди гуфтушунидро шарҳ бидиҳем. Ин дар ҳолест, ки раиси КДАМ Қирғизистон бо расонаҳои гуногуни қирғизӣ мусоҳиба мекунад.  Саймумин Ятимов  имрӯз дар як суҳбати кӯтоҳи телефонӣ ба "Азия-Плюс" аз шарҳи натиҷаи гуфтушуниди доштааш бо ҳамтои қирғизияш худдорӣ кард ва […]

Asia-Plus

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов мегӯяд, ки мо набояд то даст ёфтан ба тасмими мушаххасе раванди гуфтушунидро шарҳ бидиҳем. Ин дар ҳолест, ки раиси КДАМ Қирғизистон бо расонаҳои гуногуни қирғизӣ мусоҳиба мекунад. 

Саймумин Ятимов  имрӯз дар як суҳбати кӯтоҳи телефонӣ ба "Азия-Плюс" аз шарҳи натиҷаи гуфтушуниди доштааш бо ҳамтои қирғизияш худдорӣ кард ва танҳо гуфт, ки "тибқи меъёрхои ҳуқуқӣ ӯҳдадор ҳастем, ки то масъала ба таври муайян ҳал нашавад, рафти гуфтушунидро тафсир накунем ва ин ба манфиати кор нахоҳад буд".

Ба гуфтаи ӯ расонаӣ кардани ҷузъиёти гуфтушунид, вазъро шадидтар мекунад.

Музокироти ҷонибҳо  имрӯз, 30 апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон баргузор шуд. Тоҷикистонро дар ин музокирот Саймумин Ятимов, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва фармондеҳи неруҳои марзбонии ҶТ намояндагӣ карданд. Аз сӯйи Қирғизистон дар ин гуфтушунид раиси КДАМ Камчибек Тошиев, намояндаи ваколатдори ҳукумат дар вилояти Бодканд Омурбек Суваналиев ва сардори Хадамоти марзбонии КДАМ Уларбек Шаршеев ширкат карданд.

Дар ҳоле, ки ҷониби Тоҷикистон хомӯш асту натиҷаҳои мулоқотро шарҳ намедиҳа, раиси КДАМ Қирғизистон Қамчибек Тошиев дарҳол пас аз мулоқот ба чанде аз расонаҳои қирғизӣ мусоҳиба.

Аз ҷумла, дар мусоҳиба бо  24.kg  ӯ гуфт, ки ҷонибҳо ба ин натиҷа расиданд, ки неруҳоро аз хати марз берун мебаранд. Дар якчанд рӯ мо мушкили марзро ҳал мекунем, таъину аломатгузорӣ мекунам ва "дарҳол барқарор мекунем",-ваъда кардааст ӯ.

"Ман ба шумо ваъда медиҳам, ки як метри заминҳои стратегиро намедиҳем. Вале дар назар дошта бошед, ки бидуни гузашт марз таъмин карда намешавад», – гуфт ӯ.

Бояд гуфт, ки пештар, баъди музокироти 16-17 март Тошиев изҳороти пурсарусадое  дар мавриди имкони иваз кардани Ворух ба дигар мавзеъҳои вилояти Бодканд дода буд. Ҳатто баъди ин гуна изҳороти раиси КДАМ Қирғизистон, ҷониби Тоҷикистон ҷузъиёти гуфтушунидро расонаӣ накард. Танҳо 9-уми апрел  раисҷумҳур Эмомалӣ раҳмон ҳангоми мулоқот бо бошандагони Ворухи шаҳри Исфара гуфт, ки дар тамоми давраи музокирот бар сари таъину аломатгузории марз мавзуъи иваз кардани Ворух ҳеч гоҳе баррасӣ нашудааст. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.