Эмомалӣ Раҳмон бо раисҷумҳури Қазоқистон ҳам вазъи марз бо Қирғизситонро баррасӣ кард

Эмомалӣ Раҳмон бо раисҷумҳури Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев вазъи марзи Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ карданд. Дар ин бораи торнамои раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад.  Дар ин суҳбат Эмомалӣ Раҳмон  дар мавриди мувофиқаҳои ҷонибҳои Тоҷикистону Қирғизистон, ки ба ҳарчӣ зудтар ба эътидол овардани вазъ дар сарҳади ду кишвар нигаронда шудаанд, итиллоъ додааст.  Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ки ҷонибҳо рӯйи муҳиммияти […]

Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон бо раисҷумҳури Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев вазъи марзи Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ карданд. Дар ин бораи торнамои раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад. 

Дар ин суҳбат Эмомалӣ Раҳмон  дар мавриди мувофиқаҳои ҷонибҳои Тоҷикистону Қирғизистон, ки ба ҳарчӣ зудтар ба эътидол овардани вазъ дар сарҳади ду кишвар нигаронда шудаанд, итиллоъ додааст. 

Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ки ҷонибҳо рӯйи муҳиммияти хоссаи дарёфти роҳҳои ҳалли ҳамаи мушкилоти мавҷуда тавассути музокирот ва муколамаи созанда таъкид кардаанд.

Имрӯз ҳамчунин дар ҷараёни гуфтугӯи дуюми телефонӣ дар як рӯз, сарони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Қирғизистон Содир Ҷапаров дар бораи пешрафти иҷрои созишномаҳои байни тарафҳо ба эътидол овардани вазъ дар минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистон ва Қирғизистон сӯҳбат карданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти кишвар.

"Дар рафти суҳбат ҷараёни амалӣ гардонидани мувофиқаҳои байни ҷонибҳо ҷиҳати ба эътидол овардани вазъ дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон бадастомадаро  мавриди баррасӣ қарор доданд",- гуфта мешавад дар хабар.

Ба иттилои манбаъ ба масъалаҳои риояи оташбаси комил ва баргардонидани нерӯҳои низомӣ ба маконҳои домии онҳо  таваҷҷӯҳи хосса зоҳир карда шуд. 

Гуфта мешавад, ки президентҳо, дар бораи кори муштараки гурӯҳҳои кории ҷонибҳо ва оғози ҷаласаи Комиссияҳои байниҳукуматӣ оид ба  делимитсия ва демаркатсия сухан гуфтанд.

Аввалин гуфтугӯи телефонии сарони ду кишвар дар робита ба низоъҳои марзӣ дирӯз, 30 апрел баргузор шуд.  Сипас сарони давлатҳо чораҳои зуд паст кардани шиддати вазъ дар қитъаи қирғизу тоҷикро дар сарҳади давлатӣ муҳокима карданд.

Read more: https://asiaplus.news/tj/news/tajikistan/security/20210501/zangi-duvvum-dar-zarfi-24-soat-emomal-ramon-va-sodir-aparov-munoishai-marziro-dubora-barras-kardand

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.