Фейк | Туркия омода аст, ба Қирғизистон бесарнишинҳои низомии «Bayraktar TB2» ва РСЗО диҳад

Date:

Пойгоҳи далелсанҷии factcheck.tj хабари кумакии низомии Туркияро ба Қирғизистон тафтиш карда фейк эълон кардааст.

Чӣ санҷида шуд?

1-уми майи соли равон хабаргузории русии Avia.pro хабареро таҳти унвони «Туркия омода аст, ба Қирғизистон паҳпод (бесарнишинҳои низомӣ)-и «Bayraktar TB2» ва РСЗО диҳад» нашр кард (бойгонӣ). Дар хабар гуфта мешавад, ки гӯиё Анқара ҳозир аст, ба Қирғизистон дар мубориза бо Тоҷикистон ҳама гуна кӯмаки низомии заруриро расонад.

Чанде аз расонаҳои Русия бо такя ба хабаргузории Avia.Pro хабари мазкурро бидуни санҷиш нашру паҳн карда (бойгонӣ), дар ин бора бонг мезананд. Ин хабар дар расонаҳои Қирғизистон ва фазои интернетӣ баҳсу баррасиҳоеро ба миён овард, ки боис ба санҷиши мо шуд.

Ҳукмнома: Фейк

Санҷиш маълум кард, ки ин хабар бофта буда, онро ягон сарчашмаи мӯътамад тасдиқ накардааст.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Аввалин нуктаи шубҳаноки мавод ин аст, ки дар он ба ягон манбаи дақиқ истинод оварда нашудааст. Ҳамаи он сомонаҳое, ки ин хабарро нашр кардаанд, бо як мазмун ва матни якхела ба хабаргузории Avia.Pro такя кардаанд.

Дар матлаб омадааст, ки хабаргузориҳои Туркия ин маводро бо ишора ба сарчашмаҳои низомие нашр кардаанд, ки аз онҳо ҳатто ном бурда намешавад. Аммо ҷустуҷӯи мо нишон дод, ки дар ягон расонаи хабарии Туркия чунин маълумот нашр нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, пойгоҳи далелсанҷии Қирғизистон – Factcheck.kg, низ хабари мазкурро «Фейк» унвон кардааст.

Пас маълум нест, ки ин маълумот аз ҷониби кӣ ва бо кадом мақсад нашр шудааст.

Хулоса

Хабари мазкур, ки паҳнкунандаи он сомонаи русии Avia.pro мебошад, ягон асоси воқеӣ надорад. Чун ин хабар бофтаи маҳз худи ҳамин сомона асту бас. Аз ин рӯ, санҷиши мо ҳукмномаи «Фейк» унвон мегирад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...