Судҳо дар Тоҷикистон ба пешниҳоди маълумот ба ВАО уҳдадор мешаванд

Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи қонун «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо»-ро таҳия ва ба баррасии парлумон пешниҳод намуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади шаффофу ошкоро баргузор намудани мурофиаҳои судӣ, кафолати муҳокимаи одилонаи судӣ, густариши робитаҳои мақомоти судӣ бо воситаҳои ахбори омма, ҷоннок кардани фаъолияти […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи қонун «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо»-ро таҳия ва ба баррасии парлумон пешниҳод намуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади шаффофу ошкоро баргузор намудани мурофиаҳои судӣ, кафолати муҳокимаи одилонаи судӣ, густариши робитаҳои мақомоти судӣ бо воситаҳои ахбори омма, ҷоннок кардани фаъолияти сомонаҳои судӣ, қабули санадҳои қонуниву асоснок, таҳкими боварии шаҳрвандон ба ҳокимияти судӣ ва фароҳам овардани шароит барои дастрасии ҷомеа ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо таҳия гаштааст.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, дар лоиҳаи қонун тарзу усули пешниҳоди маълумот аз ҷониби судҳо ба ВАО ва уҳдадориии тарафҳо (судҳо ва ВАО) зимни нашри иттилоот ва ғайра пешбинӣ шудааст.

“Меъёрҳои лоиҳаи қонун инчунин усули иштироки намояндагони ВАО дар мурофиаҳои судӣ ва дастрасӣ ба маълумотро аз бойгонии судҳо муайян мекунад”, – иброз дошт манбаъ.

Муовини раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Равшан Раҷабзода дар мусоҳибаи кӯтоҳи телефонӣ ба “Азия-Плюс” изҳор намуд, ки танҳо баъди аз ҷониби вакилони мардумӣ маъқул дониста шудани лоиҳаи қонун, ӯ муқаррароти онро ба рӯзноманигорон шарҳ дода метавонад.

Ӯ итминон дод, ки лоиҳаи қонуни дар боло зикршуда дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, ки рӯзи ҷумъаи ҳамин ҳафта, 14 май доир мегардад, баррасӣ мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.