Давоми ду рӯзи гузашта дар бозору мағозаҳо одамони зиёд барои харидории маҳсулоти ғизоӣ навбат истоданд.
Мақомот итминон медиҳанд, ки Тоҷикистон имрӯз тавонмандии пурра таъмин кардани аҳолии худро аз тамоми намуди ғизоҳо дорад ва захираи 2-сола барои нӯҳу ним миллион аҳолии Тоҷикистон мавҷуд аст. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ хабар дод, ки то 5-уми март дар кишвар сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, аммо чораҳои пешгирии он рӯз то рӯз пурзӯр карда мешаванд.
Мо аз мардум пурсон шудем, ки чаро то ин андоза ба харидории маҳсулоти хӯрокворӣ шитоб доранд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.