Ҳабси ду ҷавон барои таҳқиру гаппартоӣ ба духтарон дар Душанбе

Ду ҷавони 28-солаи сокини шаҳри Ваҳдат барои таҳқири духтарон дар шаҳри Душанбе ба 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум шуданд. “Як ҷавондухтар ба милитсия муроҷиат намуда, аз он шикоят мекунад, ки дугонаҳояшро дар назди Театри опера ва балети пойтахт ду ҷавони мошинсавор таҳқиру ҳақорат кардаанд”, – хабар медиҳад маркази матуоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе. […]

Asia-Plus

Ду ҷавони 28-солаи сокини шаҳри Ваҳдат барои таҳқири духтарон дар шаҳри Душанбе ба 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум шуданд.

“Як ҷавондухтар ба милитсия муроҷиат намуда, аз он шикоят мекунад, ки дугонаҳояшро дар назди Театри опера ва балети пойтахт ду ҷавони мошинсавор таҳқиру ҳақорат кардаанд”, – хабар медиҳад маркази матуоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе.

Кормандони милитсия базудӣ шахсияти авбошонро муайян кардаанд, ки инҳо сокинони 28-солаи шаҳри Ваҳдат Валиҷон Муҳаммадҷонов ва Ҷаҳонгир Бегов будаанд.

“Онҳо духтаронро ҳангоми гаштугузор дар яке кӯчаҳои марказии пойтахт дашномҳои қабеҳ намуда, шаъну шарафашонро паст задаанд”, – омадааст дар маълумоти Раёсат.

Гуфта мешавад, бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати Валиҷон Муҳаммадҷонов ва Ҷаҳонгир Бегов тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, суд нисбати ҳар кадоме ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯзӣ таъин намуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.