Омодагиҳо барои дидори Путину Байден оғоз шуд

Кохи Сафеду Кремлин омодагиҳоро барои дидори руасоси ИМА-ву Русия оғоз карданд. Ҷаласаи президентҳои ИМА ва Русия – Ҷо Байден ва Владимир Путин бояд моҳи оянда баргузор шавад. Рӯзи 24-уми май дар изҳороти муштараки мушовири амнияти миллии ИМА Ҷейк Салливан ва ҳамкори русаш Николай Патрушев машваратҳои Женева чун «иқдоми муҳим» дар амри омодагӣ ба ҷаласаи ду раҳбар тавсиф […]

Asia-Plus

Кохи Сафеду Кремлин омодагиҳоро барои дидори руасоси ИМА-ву Русия оғоз карданд. Ҷаласаи президентҳои ИМА ва Русия – Ҷо Байден ва Владимир Путин бояд моҳи оянда баргузор шавад.

Рӯзи 24-уми май дар изҳороти муштараки мушовири амнияти миллии ИМА Ҷейк Салливан ва ҳамкори русаш Николай Патрушев машваратҳои Женева чун «иқдоми муҳим» дар амри омодагӣ ба ҷаласаи ду раҳбар тавсиф шудааст. Дар як изҳороти муштараки ин ду мақом омадааст, ки «бо вуҷуди дидгоҳҳои фавқулодда мутафовит, муколама дар фазои созанда барпо гардид ва барои дарки беҳтари мавқеи ҳар як ҷониб имкон фароҳам овард».

Макон ва таърихи баргузории ҷаласаи Байден ва Путин дертар эълон мешавад, вале интизор меравад, ки он моҳи июн дар ҷараёни нахустин сафари Байден дар мақоми президенти Амрико ба Аврупо имконпазир мешавад. Қарор аст моҳи июн дар Бритониё ҷаласаи кишварҳои Гурӯҳи Ҳатфгона ва ҳам дар Брюссел мулоқоти раҳбарони Иттиҳоди Аврупову НАТО баргузор шавад.

Мушовирони калони амниятии ИМА ва Русия доираи васеи масоили марбут ба манфиати дуҷонибаро аз дидгоҳи суботи стратегӣ баррасӣ карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.