Маҳкум шудани як шаҳрванди Тоҷикистон барои қатли зани 47-солаи тоҷик дар Русия

Date:

Суди ноҳияи Митишии вилояти Маскави Русия шаҳрванди Тоҷикистонро барои куштани як зан, шаҳрванди Тоҷикистон ба 6 соли зиндон маҳкум кард.

Тавре маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ хабар медиҳад, 28 августи соли 2019 ҷасади зодаи ноҳияи Ёвон Гулбаҳор Норматоваи 47-сола бо аломатҳои марги маҷбурӣ аз Русия ба Тоҷикистон оварда шуд.

“Аз ҷониби Прокуратураи генералии Тоҷикистон оид ба ҳолати ба март расонидани ин зан, сабабҳои он ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани гунаҳкорон ба Прокуратураи генералии Русия дархост ирсол карда шуд”, – омадааст дар хабари Прокуратураи генералӣ.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи ба роҳ мондани ҳамкорӣ муайян карда шуд, ки аз рӯи ин ҳодиса бо дастрасии моддаи 105 Кодекси ҷиноятии Русия (куштор), парвандаи ҷиноятӣ огоз карда шуда, бо гумони содир кардани ин ҷиноят шаҳрванд Х.Бобояров боздошт шудааст.

“Дар ҷараёни тафтишот муайян карда шуд, ки боздоштшуда дар натиҷаи муноқиша дидаю дониста бо корд ба шиками Г.Норматова чор зарба задааст, ки дар натиҷа зан вафот кардааст”, – гуфта мешавад дар маълумот.

Зикр мегардад, ки  суди ноҳияи Митишии вилояти Маскав Х.Бобояровро ба 6 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...