Ба Вазорати молия 277 корманд лозим аст

Date:

Вазорати молияи Тоҷикистон барои ишғоли вазифаҳои холӣ дар сарраёсатҳо ва раёсатҳои дастгоҳи марказӣ, вилоятҳо ва чанде аз шаҳру ноҳияҳо, инчунин воҳидҳои назди Вазорат озмун эълон кардааст.

Ба Вазорати молия дар маҷмӯъ 277 корманд – аз муовини сардор дар сарраёсатҳо то мутахассиси қаторӣ лозим аст.

Маоши якмоҳаи нисбатан баландтар ба доваталаби вазифаи муовини аввали Сарраёсати Хазинадории марказии Вазорат – 2616,40 сомонӣ (231 доллар) ва пасттарин – ба мутахассиси раёсат – 841,80 сомонӣ (74,4 доллар) пешниҳод шудааст.

Дар сурати доштани собиқаи корӣ ба сифати хидматчии давлатӣ ба маоши вазифавӣ иловапулӣ зам мешавад.

Дар баробари доштани маълумоти дахлдор, довталабон бояд қонунгузории соҳа ва имлои забони тоҷикиро донанд.

Ба довталабоне афзалият дода мешавад, ки “таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷиро донанд ва бо бо компютер кор карда тавонанд, ҳадди ақалл бо барномаҳои Word ва Excеl”.

Аризаҳо бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ, ки рӯйхаташон дар сомонаи Вазорати молия нашр шудааст, то 21 июн қабул шуда, аз озмун рӯзи 24 июни соли равон натиҷагирӣ мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...