Русия шумори хатсайрҳои ҳавоиро ба Тоҷикистон зиёд кард. Ҷадвали онҳо нашр шуд

Мутобиқи қарори мақомоти салоҳиятдори Русия ва Тоҷикистон аз 10 июн шумори хатсайрҳои ҳавоии доимӣ байни Маскав ва Душанбе то 2 хатсайр барои ширкати “ЮТэйр” ва ду хатсайр барои ширкати “Сомон Эйр” дар як ҳафта зиёд карда мешаванд, хабар медиҳад сафорати Русия дар Тоҷикистон. Дар ин робита, ба парвози чартерии ширкати “ЮТэйр” аз 12 июн мақоми […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Мутобиқи қарори мақомоти салоҳиятдори Русия ва Тоҷикистон аз 10 июн шумори хатсайрҳои ҳавоии доимӣ байни Маскав ва Душанбе то 2 хатсайр барои ширкати “ЮТэйр” ва ду хатсайр барои ширкати “Сомон Эйр” дар як ҳафта зиёд карда мешаванд, хабар медиҳад сафорати Русия дар Тоҷикистон.

Дар ин робита, ба парвози чартерии ширкати “ЮТэйр” аз 12 июн мақоми хатсайри мунтазам дода шуда, ширкати “Сомон Эйр” дар ҳамон рӯз парвози доимии дуюмашро дар як ҳафта анҷом медиҳад.

Дар маълумоти сафорат зикр мешавад, ки шурӯъ аз ҳафтаи оянда ширкатҳо парвозҳоро тариқи хатсайрҳои доимӣ бо ҷадвали зерин иҷро мекунанд:

«ЮТэйр» – хатсайрҳои UT803/804 бо самти Маскав – Душанбе – Маскав бо парвоз аз Маскав (Внуково) рӯзҳои сешанбе ва панҷшанбе соати 22:00 ва парвоз аз Душанбе рӯзҳои чоршанбе ва ҷумъа соати 6:00 бо вақти маҳаллӣ;

«Сомон Эйр» – хатсайрҳои SZ201/202 бо самти Душанбе – Маскав – Душанбе бо парвоз аз Душанбе рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа соати 8:00 ва парвоз аз Маскав (Домодедово) рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа соати 11:50 бо вақти маҳаллӣ.

Сафорат хотиррасон менамояд, ки шахсоне, ки шаҳрвандии Русия надоранд, барои парвоз ба Русия бояд хулосаи муассисаи тиббӣ бо забони русӣ аз рӯйи натиҷаҳои ПСР-тест дар бораи сироят надоштан аз коронавирусро бо худ дошта бошанд, ки на пештар аз се рӯз то замони омадан ба Русия дода шудааст.

Огоҳ карда мешавад, ки шаҳрвандони Русия зимни вуруд ПСР-тести дукарата месупоранд, ки натиҷаҳои он ба Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ ва маъмурӣ (поратли “Госуслуги”) ворид мешавад.

Тести якумро дар муддати се шабонарӯз аз замони расидан ба Русия ва дуюмро – дар муддати панҷ шабонарӯз аз замони вуруд ба Русия супурдан зарур аст, дар ҳамин ҳол, байни супурдани ду тест бояд на камтар аз як шабонарӯз гузарад.

Ёдрас мекунем, ки тибқи маълумоти Агентии авиатсияи гражданӣ, билет ба хатсайрҳои доимӣ аз Душанбе ба Маскав 350 доллар ва аз Маскав ба Душанбе бо ин хатсайрҳо – 150 доллар нарх дорад.

Чанде пеш мо нархи билетҳои ҳавопаймоиро (парвозҳои чартерӣ) ба ҳамон як самт аз Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон муқоиса кардем.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.