Як шеъру як навиштаи фейсбукӣ ҳуқуқшинос Ризоевро 5,5 сол пушти зиндон бурд

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҳуқуқшиноси ҷавон Абдулмаҷид Ризоевро бо гумони “даъвати пинҳонкорона ба терроризм” гунаҳкор дониста, ӯро 5,5 сол равонаи зиндон кардааст. Дар ин бора вакили дифои  Ризоев Дилафрӯз Самадова хабар дод. Ҳукми додгоҳ рӯзи 14-уми июн содир шуд. Манбаъ гуфт, ки парвандаи зерҳимояаш бар асоси моддаи 307, иловаи 1, қисми 2 “даъвати оммавӣ ба […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҳуқуқшиноси ҷавон Абдулмаҷид Ризоевро бо гумони “даъвати пинҳонкорона ба терроризм” гунаҳкор дониста, ӯро 5,5 сол равонаи зиндон кардааст. Дар ин бора вакили дифои  Ризоев Дилафрӯз Самадова хабар дод. Ҳукми додгоҳ рӯзи 14-уми июн содир шуд.

Манбаъ гуфт, ки парвандаи зерҳимояаш бар асоси моддаи 307, иловаи 1, қисми 2 “даъвати оммавӣ ба фаъолияти ифротӣ бо истифода аз матбуот ё шабакаи интернет” баррасӣ шуда, ӯ ба муддати 5 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум карда шуд.

Дилафрӯз Самадова гуфт, додситонӣ чанд навиштаи саҳифаи Фейсбукии ӯро таҳлил карда, Ризоевро дар “даъватҳои пардапӯшонаи оммавӣ ҷиҳати ба амал ба баровардани фаъолияти ифротгароӣ, ки ба ноустувор сохтани амнияти миллӣ мерасонад", айбдор кардааст. Аз ҷумла, бознашри андешаи “Ҳукумати оқил бо решаҳои эътироз мубориза мекунад, ҳукумати нодон бо эътирозгарон”-ро прокуратура андешаи ифротгароёна хондааст.

Худи Абдулмаҷид Ризоев, ки дар созмони ҷамъиятии “Дурахшон гуруҳ” созмоне, ки ба корафтодагон машварати ҳуқуқӣ медод кор мекард, ҳукми нисбаташ эълоншударо рад карда, онро ғаразнок унвон кардааст. Ӯ гуфтааст, ин ҳукм ба фаъолияти кориаш рабт дорад, чун пеш аз боздошт ӯ ба ҳимояи ҳуқуқи сокинони бинои №49 дар кӯчаи Бухорои Душанбе машғул буд.

– Парвандаи ҷиноятӣ бар асоси аризаи ҶДММ “Пулоди Плаза” боз шудааст. Онҳо ду рӯз пеш аз боздоштам бо ман вохӯрданд ва таҳдиди намуданд, ки дар сурати бозпас нагирифтани аризаам, маро маҳкам мекунанд,-гуфтааст А. Ризоев.

Ҳуқуқшиноси маҳкумшуда мегӯяд, воқеан, як рӯз пеш аз боз кардани парвандаи ҷиноятӣ нисбати Ризоев аз номи роҳбари ҶДММ “Пулоди Плаза” ба  Прокуратураи генералӣ шикоят ворид шудааст. Парвандаи ҷиноятиро Прокуратураи генералӣ боз намудааст.

Ба қавли Дилафрӯз Самадова, Ризоев дар суд баромад карда гуфтааст, ки “ҳеҷ гоҳ экстримист набуд ва буда ҳам наметавонад, ӯ ҳимоятгар ва ҳуқуқшинос аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.