Мулоқоти раисони вилоятҳои Суғду Бодканд дар марз: тавофуқ бар сари об, вале баҳсҳои дигар давом доранд

Раҷаббой Аҳмадзода раиси вилояти Суғд бо ҳамтои Бодкандияш Абдикарим Алимбоев дар чорроҳаи ҷамоати Чоркӯҳи Исфара аз субҳи имрӯз бар сари чанд масъалаи баҳсии марзӣ ба гуфтугӯ нишастаанд. Тибқи  маълумоти пешакӣ дар мулоқот баъзе тавофуқҳо ҳосил шудааст.  Гуфтушуниди ҷонибҳо дар пайи ҳаводиси ҳафтаҳои ахир дар мавриди таъмини зиндагии осоиштаи сокинони минтақаҳои марзӣ, ҳалли масъалаҳои тақсими оби полезӣ дар Маркази […]

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Раҷаббой Аҳмадзода раиси вилояти Суғд бо ҳамтои Бодкандияш Абдикарим Алимбоев дар чорроҳаи ҷамоати Чоркӯҳи Исфара аз субҳи имрӯз бар сари чанд масъалаи баҳсии марзӣ ба гуфтугӯ нишастаанд. Тибқи  маълумоти пешакӣ дар мулоқот баъзе тавофуқҳо ҳосил шудааст. 

Гуфтушуниди ҷонибҳо дар пайи ҳаводиси ҳафтаҳои ахир дар мавриди таъмини зиндагии осоиштаи сокинони минтақаҳои марзӣ, ҳалли масъалаҳои тақсими оби полезӣ дар Маркази тақсими оби “Головной” ва “Хоҷабақирғон”, сохтмони иншоот дар минтақаҳои баҳсии марзӣ, боздошти сокинону ҷорвои онҳо сурат гирифтааст.

Музаффар Юнусов, сухангӯйи раиси вилояти Суғд дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт дар мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода ва Абдикарим Алимбоев инчунин роҳбарони сохторҳои қудративу идораҳои об ҳузур доштанд ба сари чанд масъалаи баҳсӣ дар марз ба тавофуқ расиданд.

“Фароҳам овардани шароити осоиштаи сокинонии марзии ду кишвар аз масъалаҳои асосӣ буд. Дар ҳалли мушкилоти оби полезӣ дар “Головной” ва “Хоҷабақирғон” мувофиқа ҳосил шуд, ки об аз руйи низоми мувофиқа шуда аз ҷониби Қирғизистон риоя ва ҷорӣ мешавад. Мувофиқа ҳосил шуд, ки дар минтақаҳои баҳсӣ ҳама гуна сохтмонҳо бе мувофиқаи ҷонибҳо иҷозат дода намешавад. Муаммоҳои боздошту нигоҳдоштани шаҳрвандон, гузаштани чорвои сокинон ба марз, ки давоми ду ҳафта ба миён омад аз ин баъд дар доираи ҳамдигарфаҳмӣ, саривақт дар сатҳи ноҳиявӣ баррасӣ шуда ҳаллу фасл шавад.”      

Инчунин ҷонибҳо дар мавриди тарғибу ташвиқӣ ҳаёти осоишта дар минтақаҳои марзӣ ба созиш омадаанд. Дар мулоқот ҷонибҳо сохтмони девор аз ҷониби як сокини маҳалаи "Учтеппа"-и деҳаи Оқсойи Қирғизистон дар минтақаи баҳси марзиро баррасӣ кардаанд. Рӯзи 14-уми июн дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷараёни сохтмони ин девор навори видеоӣ нашр шуд ва дар пайи нигаронии сокинони деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳ сокини Қирғизистон аз идомаи сохтмони девор даст кашид. Мақомоти тоҷик мегӯяд, аз ин ба баъд ба сохтмони ҳама гуна иншоот дар минтақаи баҳсӣ иҷозат дода намешавад. 

Ҳоло гуфтушуниди ҷонибҳо идома дорад ва дар мавриди дигар тавофуқоти ин мулоқот баъдтар хабар хоҳем дод. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.