Дар Бохтар як кӯча бо номи профессор Ҳасани Муродиён номгузорӣ шуд

Яке аз кӯчаҳои маҳаллаи Истиқлоли шаҳри Бохтар ба номи Ҳасани Муродиён професори Донишгоҳи давлатии Бохтар, ки соле қабл фавтида буд, гузошта шуд. Муовини раиси шаҳри Бохтар Наргис Қурбонзода ба “АП” хабар дод, ки қарор дар бораи ба номи Ҳасани Муродиён гузоштани яке аз кӯчаҳои  шаҳр имрӯз дар ҷаласаи маҷлиси вакилони халқи шаҳр баррасӣ шуда, аз […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Яке аз кӯчаҳои маҳаллаи Истиқлоли шаҳри Бохтар ба номи Ҳасани Муродиён професори Донишгоҳи давлатии Бохтар, ки соле қабл фавтида буд, гузошта шуд.

Муовини раиси шаҳри Бохтар Наргис Қурбонзода ба “АП” хабар дод, ки қарор дар бораи ба номи Ҳасани Муродиён гузоштани яке аз кӯчаҳои  шаҳр имрӯз дар ҷаласаи маҷлиси вакилони халқи шаҳр баррасӣ шуда, аз тарафи вакилон тасдиқ карда шуд.

“Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар хизматҳои шодравон Ҳасани Муродиёнро дар соҳаи маориф, илм ва адабиёт ба назар гирифта тасмим гирифт, ки ба хотири гироми дошти ин олими шинохта яке аз кӯчаҳои шаҳрро ба ном ӯ номгузорӣ кунад”,-  гуфт Қурбонзода.

Ёдовар мешавем, ки Ҳасани Муродиён профессори Донишгоҳи Давлатии Бохтар 9 ноябри соли 2020 аз олам даргузашт. Эшон яке аз муқаққиқони пуркори риштаи адабиётшиносӣ дар Тоҷикистон буд.

Ҳасани Муродиён 20-уми сентябри соли 1958 дар деҳаи Навкорами ноҳияи Вахш, дар хонаводаи кишоварз ба дунё омада, 9-уми ноябри соли 2020 бар асари беморӣ аз олам чашм пӯшид.

Ҳасани Муродиён доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи Носири Хусрав буд. Марҳум аз худ 33 китоб ва садҳо мақолаҳои илмию публистӣ ба мерос гузоштааст. Ба гуфти наздиконаш 3 китоби дигар марҳум ҳанӯз нашр нашудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

   

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.