Пулҳои пасандозгузорони “Агроинвестбонк”-ро каме дертар медиҳанд

Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ аз амонатгузорону пасандозгузорони бонки дар ҳоли барҳамхӯрии "Агроинвестбонк" хоҳиш кардааст, ки барои бозпас гирифтани амонатҳояшон "каме сабр" кунанд ва ваъда додааст, ки рӯзҳои наздик ба пардохти амонатҳо оғоз мекунанд.   Бояд гуфт, ки бозпас додани амонатҳои пасандозгузорони бонки дигар дар ҳоли барҳамхӯрии "Тоҷиксодиротбонк" рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта оғоз шуд, ки ба онҳо […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ аз амонатгузорону пасандозгузорони бонки дар ҳоли барҳамхӯрии "Агроинвестбонк" хоҳиш кардааст, ки барои бозпас гирифтани амонатҳояшон "каме сабр" кунанд ва ваъда додааст, ки рӯзҳои наздик ба пардохти амонатҳо оғоз мекунанд.  

Бояд гуфт, ки бозпас додани амонатҳои пасандозгузорони бонки дигар дар ҳоли барҳамхӯрии "Тоҷиксодиротбонк" рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта оғоз шуд, ки ба онҳо дар зербахшҳои "Ориёнбонк" пулҳояшонро медиҳанд. 

«Бо дар назар гирифтани шумораи зиёди амонатгузорони ҶСК «Агроинвестбонк» (бештар аз 27,0 ҳазор. нафар), Хазина тафтиши пурраи омода кардани рӯйхати амонатгузоронро анҷом дода, дар марҳила ба итмом расонидани корҳои лозимии омода карлани чораҳои  омодагиву техникии бонк-агент аст. Дар робита ба ин, Хазина бо эҳтиром аз ҳамаи амонатгузорони ҶСК "Агроинвестбонк" хоҳиш мекунад, ки сабр кунанд ва дарк кунанд – таърихи пардохти амонатҳо муайян ва рӯзҳои наздик эълон карда мешавад",-гуфта мешавад дар хабарнома.

Гуфта мешавад, ки барои пардохти ҳамаи амонатгузорони ҳар ду бонки дар ҳоли барҳамхӯрӣ 215,0 миллион сомонӣ зарур аст, ки 67% ҳаҷми умумии маблағҳои захиравии Хазинаи ҷуброни суғуртаро ташкил медиҳад. 

Дар ин Хазина мегӯянд, ки маблағҳо барои бозпас гардонидани амонатҳои мардум басандаанд. Гуфта мешавад, ки ба ҷуз "Ориёнбонк" ҳамчунин "Амонатбонк" низ ба унвони бонк-агент ворид карда мешавад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.