Дирӯз раисҷумҳури Қирғизистон ба Тоҷикистон омад ва Раҳмон ӯро ба сайри Варзоб бурд

Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Ҷабборов шоми 28-уми июн бо як сафари расмӣ вориди Душанбе шуд. Дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе ӯро Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон истиқбол гирифт. Баъдан президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Қирғизистонро ба сайри дараи Варзоб ба қароргоҳи беруназшаҳрии "Баҳор" бурд.  Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон сафар ба Варзобро "шиносоӣ бо имкониятҳои рушди соҳаи сайёҳӣ" […]

Asia-Plus

Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Ҷабборов шоми 28-уми июн бо як сафари расмӣ вориди Душанбе шуд. Дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе ӯро Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон истиқбол гирифт.

Баъдан президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Қирғизистонро ба сайри дараи Варзоб ба қароргоҳи беруназшаҳрии "Баҳор" бурд. 

Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон сафар ба Варзобро "шиносоӣ бо имкониятҳои рушди соҳаи сайёҳӣ" унвон кардааст. 

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон аз ҷузъиёти дигари дидори Эмомалӣ Раҳмону Содир Ҷабборов иттилое нашр накардааст. 

Имрӯз дар назар аст, ки дар доираи сафари Содир Ҷабборов гуфтушунди дуҷониба бо Эмомалӣ Раҳмон сурат бигирад.  Дар ин гуфтушунид мавзуъоти муҳимми ҳамкории ду тараф, аз ҷумла масоили марзии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор мегирад, гуфтааст торнамои президенти Қирғизистон.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.