Коронавирус дар Тоҷикистон: дар ду рӯз шумори сироятёфтагон 45 нафар зиёд шуд

То субҳи 29 июн шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон тибқи маълумоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ 13 ҳазору 460 нафарро ташкил медиҳад. Шумори беморон рӯзи якшанбе 24 нафар ва рӯзи душанбе – 21 нафар афзуд. Бино ба маълумоти омори расмӣ, теъдоди шифоёфтагон 13 ҳазору 271 нафарро ташкил дода, давоми ду шабонарӯз 19 нафар аз беморӣ шифо […]

Asia-Plus

То субҳи 29 июн шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон тибқи маълумоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ 13 ҳазору 460 нафарро ташкил медиҳад.

Шумори беморон рӯзи якшанбе 24 нафар ва рӯзи душанбе – 21 нафар афзуд. Бино ба маълумоти омори расмӣ, теъдоди шифоёфтагон 13 ҳазору 271 нафарро ташкил дода, давоми ду шабонарӯз 19 нафар аз беморӣ шифо ёфтаанд.

Шумори фавтидагон бар асари бемории мазкур бетағйир – 90 нафар боқӣ мемонад. Ин дар ҳолест, ки дар расонаҳо рӯзҳои 27-28-уми июн аз марги чандин нафар шахсиятҳои маъруф бар асари ибтило шудан ба каронавирус нашр шуда буд. 

Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, то имрӯз дар кишвар зиёда аз 200 ҳазор нафар ваксина гирифтаанд, ки 18 ҳазор нафарашон аллакай таркиби дуюми онро ҳам гирифтаанд.

Дар ҳамин ҳол, дар Маскав бо реҷаи озмоишӣ ваксинзании муҳоҷиронро бо ваксинаи “Спутник Лайт” оғоз карданд. Дар ин бора раиси шаҳри Маскав Сергей Собянин хабар додааст, иттилоъ медиҳад РБК.

Бунгоҳҳои эмкунӣ барои муҳоҷирон дар Маркази бисёрсоҳавии Сахарово ва Маркази савдои “Садовод” боз шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.