Бар пайи боздошти як тоҷик сафорати Тоҷикистон ба вазорати хориҷаи Русия нота фиристод

Сафорати Тоҷикистон дар Русия бар пайи боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон, муҳоҷири 21-сола бо номи Амиршо Ҳусейнов ба Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар нота фиристодааст. Амиршо Ҳусейнов бар пайи як даргириии физикӣ бо чанде аз скинхедҳо ё миллатгароҳои рус боздошт шудааст. Қабл аз боздошти Амиршо Ҳусейнов дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо видеои ҳолати даргирии ӯ бо […]

Сафорати Тоҷикистон дар Русия бар пайи боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон, муҳоҷири 21-сола бо номи Амиршо Ҳусейнов ба Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар нота фиристодааст. Амиршо Ҳусейнов бар пайи як даргириии физикӣ бо чанде аз скинхедҳо ё миллатгароҳои рус боздошт шудааст.

Қабл аз боздошти Амиршо Ҳусейнов дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо видеои ҳолати даргирии ӯ бо миллатгароҳои рус нашр шуд, ки вокунишҳои гуногуне дар пай дошт. Ҳоло наздикону мақомоти тоҷик ин ҷавонро як ҷабрдида медонанд, вале Русия алайҳи ӯ барои "авбошӣ" тафтиш оғоз кардааст. 

Имомиддин Сатторӣ, сафири Тоҷикистон дар Русия дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, ки аз мақомоти рус тафтиши беғаразонаи ҳодисаро хостаанд. “Бо фиристодани нота бовар дорам, ки Вазорати корҳои хориҷии Русия супориш медиҳад, ки ин ҳодиса холисона тафтиш шавад.”,– гуфтааст ӯ.

Даргирии ин ҷавони тоҷик бо  гуруҳе аз миллатгароёни рус, шоми 23-уми июн рух додааст. Як гуруҳ скинҳедҳо дар кӯчаи Толбухини шаҳри Маскав бо шиори "Россия для русских, Москва для москвичей!" (“Русия барои русҳост, Маскав барои маскавиҳост!”) раҳпаймоии ғайриқонунӣ ташкил кардаанд, ки дар натиҷа бо як гурӯҳ шаҳрвандони Доғистон ва шаҳрванди Тоҷикистон вориди даргирӣ мешаванд.

Пулис ҳангоми боздошти ин афрод шаҳрванди Тоҷикистон, Амиршоҳ Ҳусейновро низ боздошт кардааст. Ҳарчанд миллатгароҳо аз боздошт раҳо шудаанд, вале ин шаҳрванди Тоҷикистон дар боздошт мондааст. Рӯзи 28-уми июн мурофиаи нахустини ин шаҳрванди Тоҷикистон бо дархости адвокати ӯ ба таъхир гузошта шуд.

Имомиддин Сатторӣ, сафири Тоҷикистон дар Русия гуфтааст, ки кормандони сафорат ва консулгарӣ ин қазияро таҳти назорат доранд ва барои ҳимояи ҳуқуқи Амиршоҳ Ҳусейнов вакили мудофеъ даъват кардаанд.

Валентина Чупик, ҳомии ҳуқуқи инсон дар гурӯҳи фейсбукии "Мы, мигранты" навишт, ки 23-уми июн як гурӯҳи скинҳедҳо дар кӯчаи Толбухини шаҳри Маскав дар кӯча бо шиори "Россия для русских, Москва для москвичей!" (“Русия барои русҳост, Маскав барои маскавиҳост!”) раҳпаймоии ғайриқонунӣ ташкил карда буданд.

Ба гуфтаи ӯ, шиорҳои миллатгароёнаи онҳо ба як гурӯҳи зодагони Доғистон ва Амиршоҳ Ҳусейнов хуш наомад ва онҳо бо скинҳедҳо вориди баҳс шуданд. Лидери скинҳедҳо шарт гузоштааст, ки як нафар аз тарафи муқобил барояд ва бо ӯ ҷанги тан ба тан кунад. “Аз он тараф як ҷавон баромад ва лидери скинҳедҳоро хеле зуд ва ба осонӣ чунон кӯфту ба замин зад, ки ӯ бо дастонаш чанд бор ба замин зада, тараҳҳум хост. Вале скинҳедҳо аз алами шикасти миёншикани лидерашон ба хашм омада, ҳамакаса, аз ҷумла бо таҳдид аз туфангчаи травматикӣ ба ҳамла гузаштанд.”,-навиштааст, ин ҳомии ҳуқуқ.

Пулис ба ҷои ҳодиса омада, ҳамаро дастгир карданд. Вале бино ба иттилои Валентина Чупик, баъди чанде ҳамаи скинҳедҳоро озод карданд ва танҳо Амиршоҳ Ҳусейновро пушти панҷара бурданд. Эҳтимол дорад, алайҳи Амиршоҳ Ҳусейнов бо моддаи 213-и Кодекси ҷиноии Русия, яъне "авбошӣ" айб эълон кунанд. Иттиҳоме, ки дар сафорати Тоҷикистон онро ноодилона медонанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.