Мунтахаби футболи Тоҷикистон (U-19) ба даври 1/4 финалии Ҷоми миллатҳои араб-2021 роҳ ёфт

Мунтахаби футболи Тоҷикистон (U-19) ба даври чорякфиналии Ҷоми миллатҳои араб роҳ ёфт. Ин мусобиқа дар Миср гузашта истодааст. Дар даври сеюми охири гурӯҳӣ футболбозони ҷавони тоҷик дастаи Ҷибутиро бо ҳисоби калони 5:0 шикаст доданд. Голҳоро аз дастаи Тоҷикистон Абдулфаттоҳ Худойдодзода (2-то), Кабир Салимшоев, Салам Ашӯрмамадов ва Фахриддин Ахтамов ба самар расониданд. Дар бозии дигари гурӯҳи […]

Мунтахаби футболи Тоҷикистон (U-19) ба даври чорякфиналии Ҷоми миллатҳои араб роҳ ёфт. Ин мусобиқа дар Миср гузашта истодааст.

Дар даври сеюми охири гурӯҳӣ футболбозони ҷавони тоҷик дастаи Ҷибутиро бо ҳисоби калони 5:0 шикаст доданд.

Голҳоро аз дастаи Тоҷикистон Абдулфаттоҳ Худойдодзода (2-то), Кабир Салимшоев, Салам Ашӯрмамадов ва Фахриддин Ахтамов ба самар расониданд.

Дар бозии дигари гурӯҳи “В” дастаи Мағриб (Марокаш) бо ҳисоби 4:0 бар тими Амороти Муттаҳидаи Араб дастболо шуд.

Ба ин тариқ, аз гурӯҳи “В” дастаҳои Мағриб ва  Тоҷикистон ба марҳилаи минбаъда роҳхат гирифтанд. Дар даври чорякфиналӣ футболбозони тоҷик имрӯз, 29 июн бо тими Миср бозӣ мекунанд. Дастаи Миср дар гурӯҳи “А” зинаи аввалро ишғол намуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.