Мулоқоти як ба яки Эмомалӣ Раҳмону Содир Ҷабборов оғоз шуд

Баъд аз пазирои расмӣ ва ташрифотӣ, дар "Қасри Миллат", мулоқоти дуҷонибаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов раисҷумҳури Қирғизистон оғоз шуд. Хабарнигорони "Азия-Плюс" иттилоъ медиҳанд, ки интизор меравад ин мулоқот то соати 11.00 идома кунад. Пас аз ин мулоқоти ҷонибҳо дар ҳайати васеъ доир мешавад. Дар назар аст, дар поёни нишаст 4 санади нави […]

Баъд аз пазирои расмӣ ва ташрифотӣ, дар "Қасри Миллат", мулоқоти дуҷонибаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов раисҷумҳури Қирғизистон оғоз шуд. Хабарнигорони "Азия-Плюс" иттилоъ медиҳанд, ки интизор меравад ин мулоқот то соати 11.00 идома кунад. Пас аз ин мулоқоти ҷонибҳо дар ҳайати васеъ доир мешавад.

Дар назар аст, дар поёни нишаст 4 санади нави ҳамкорӣ ба имзо бирасад. Дар ин гуфтушунидҳо мавзуъоти муҳимми ҳамкории ду тараф, аз ҷумла масоили марзии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Субҳи имрӯз Содир Ҷабборов ба расми эҳтиром ба мардуми тоҷик дар пояи асосгузори давлати тоҷикон Шоҳ Исмоил Сомонӣ гулчамбар гузошт. Дар маросими гулгузорӣ ӯро сарвазири Тоҷикистон ҳамроҳӣ мекард.

Сипас маросими расмии пазирии президенти Қирғизистон дар Тоҷикистон аз сӯйи Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни "Қасри Миллат" доир шуд. Эмомалӣ Раҳмон Содир Ҷабборовро самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.

"Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштани сарони давлатҳо аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо қадамзании мутантан гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди сарони ду давлат анҷом ёфт",-хабар медиҳад Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон.

Президенти Қирғизистон бо як сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.