СПАД эълон карда омода аст ба Тоҷикистон барои вазъи марзӣ бо Афғонистон тамоми ёриҳоро бирасонад

Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) ба Тоҷикистон вобаста ба вазъи сарҳад бо Афғонистон тамоми кумаки зарурии аз ҷониби он дархостшударо мерасонад, хабар додааст ба РИА Новости котиби Созмон Владимир Зайнетдинов. “Дар сурати муроҷиат СПАД ба Тоҷикистон ҳамаи кумаки зарурии дархостшударо, ки дар шартномаи амнияти дастаҷамъӣ ва оинномаи СПАД пешбинӣ шудааст, хоҳад расонид: ин метавонад кумаки […]

Asia-Plus

Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) ба Тоҷикистон вобаста ба вазъи сарҳад бо Афғонистон тамоми кумаки зарурии аз ҷониби он дархостшударо мерасонад, хабар додааст ба РИА Новости котиби Созмон Владимир Зайнетдинов.

“Дар сурати муроҷиат СПАД ба Тоҷикистон ҳамаи кумаки зарурии дархостшударо, ки дар шартномаи амнияти дастаҷамъӣ ва оинномаи СПАД пешбинӣ шудааст, хоҳад расонид: ин метавонад кумаки сиёсӣ, ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ бошад”, – гуфтааст котиби СПАД.

Дар ҳамин ҳол, ӯ зикр кардааст, ки ҳоло ин кишвар кумак напурсидааст.

“Ҳоло Тоҷикистон дар робита ба вазъе, ки дар қаламрави Афғонистон дар наздикии марз бо ҷумҳурӣ рух дод, ба СПАДмуроҷиат накардааст”, – иброз доштааст Зайнетдинов.

Ёдрас мекунем, ки 22 июн дар бораи ба дасти Толибон гузаштани гузаргоҳи гумрукиву тиҷоратии Шерхон-Бандар миёни Тоҷикистону -Афғонистон хабар дода будем. Зикр гардида буд, ки бар асари ҳуҷуми Толибон хизматчиёни ҳарбии афғон куштаву маҷрӯҳ шуда, зиёда аз 130 нафар низомиёни неруҳои ҳукумат ба қаламрави Тоҷикистон гузаштаанд.

Шерхон Бандар як гузаргоҳи муҳими тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон аст, ки воридоти гумрукии Тоҷикистон аз кишварҳои ҷануб ва ҷанубу шарқи Осиё, аз ҷумла Покистону Эрон тавассути ҳамин гузаргоҳ ворид мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.