Футболбози тоҷик ба ҳайати дастаи “Торпедо-Белаз”-и Беларус гузашт

Date:

Ҳамлагари мунтахаби футболи Тоҷикистон Шаҳром Самиеви 20-сола бо дастаи футболи “Торпедо-БелАЗ”-и шаҳри Жодинои Беларус қарордод баст. Дар ин бора сомонаи расмии ин даста хабар медиҳад.

Шаҳром зодаи шаҳри Душанбе буда, қаблан дар дастаҳои “КМВА-Помир” ва “Истиқлол” бозӣ мекард ва сипас ба тими “Рубин”-и Қазон гузашт. Соли 2020 бо “Шериф”-и Молдова қарордод баста, баъдан ба “Динамо-Авто” (Тираспол) ба иҷора рафт. Мавсими 2020\2021-ро дар Дивизиони миллии Молдова (19 бозӣ, 7 гол ва 1 партофти муваффақ) гузаронид.

Қаҳрамон, дорандаи Ҷом ва Суперҷоми Тоҷикистон. Дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон 10 вохӯрӣ гузаронида, 4 тӯб задааст.

Соли 2019 дар ҳайати дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ба дарёфти Суперҷоми Тоҷикистон, унвони қаҳрамон ва Ҷоми Тоҷикистон ноил гардид.

Бозии аввалинашро дар ҳайати тими мунтахаб 7 июни соли 2019 дар бозии дӯстона бо Афғонистон гузаронида, ба задани як тӯб муваффақ шуд. 7 июли соли 2019 дар вохӯрӣ бо Ҳиндуустон голи дуюми худро зад.

Дастаи “Торпедо” соли 1961 таъсис ёфта, иштирокчии доимии мусобиқаи Лигаи олии Беларус мебошад. Соли 2020 ба дарёфти медалҳои биринҷии мусобиқа сазовор гардид, ки беҳтарин дастовари даста маҳсуб меёбад. Имсол дар мусобиқаи ҷоми Аврупо иштирок мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...