Нахустин ҳолати марг пас аз мавҷи дигарбораи коронавирус дар Панҷакент

Date:

Маъруф Ҳабибов, роҳбари собиқи Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа (ДОСААФ) дар шаҳри Панҷакент, дар синни 52 солагӣ аз олам даргузашт. Бино ба гуфтаи пайвандонаш, сарҳанги мустаъфӣ Маъруф Ҳабибов чанд рӯзи охир аз бемории COVID ранҷ мебурд.

Ин нахустин мавриди марг дар шаҳри Панҷакент пас аз тасдиқи дигарбораи хуруҷи вируси куруно дар Тоҷикистон мебошад. 

Аз беморхонаи сироятии шаҳри Панҷакент бо тасдиқи ин хабар ба "Азия-Плюс" гуфтанд, ин аввалин нафарест, ки дар пайи мавҷи навбатии бемории ҳамагир дар шаҳри Панҷакент, вафот кард.

Қаблан ҳам маргумири чанд нафар ба қайд гиритфа шуда буд, аммо табибон далели марги онҳоро пневномия ё илтиҳоби шуш меномиданд.

Бино ба маълумоти рӯзи 5-уми июл, дар Тоҷикистон, давоми як шабонарӯзи охир дар кишвар  26 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории  коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда,  17  нафар  пас аз муолиҷа солим гардонида шуданд. Инчунин, 2 нафар аз ин беморӣ фавтидааст.

Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз, 5 июл  дар кишвар 13623 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта  шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 13382 нафар (98,2%) шифо ёфта, дар маҷмӯъ аз ин беморӣ 95 нафар фавтидаанд.

Аз шумораи умумии фавтидагон, 5 нафари онҳо ба хуруҷи мавҷуи дувуми коронавирус дар Тоҷикистон марбут аст. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...