Дар шуъбаи милитсияи Исфара сардори нав таъин шуд

Date:

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон роҳбарони нави шуъбаҳои минтақавии вазоратро таъин намуд.

Аз ҷумла сардорони Шуъбаи корҳои дохилии шаҳрҳои Исфара ва Бохтар ҷой иваз карданд.

“Полковник Набиҷон Исозода, ки  то ин дам сардори ШКД дар шаҳри Бохтар буд, сардори ШКД-1-и шаҳри Исфара таъин шуд. Генерал-майор Нурулло Орифзода, ки қаблан из вазифаро ба уҳда дошт, сардори ШКД дар шаҳри Бохтар таъин шуд”, – хабар дод котиби матбуотии ВКД Нусратулло Маҳмадзода.

Ҳамчунин шахсони зерин ба дигар вазифаҳо таъин шуданд:

– Полковник Фирдавс Шоҳмадзода – сардори ШКД дар шаҳри Ваҳдат;

– Полковники милитсия Ҷамшед Шарифзода – сардори ШКД дар ноҳияи Фархор;

– Полковники милитсия Баҳром Шокирзода – сардори ШКД дар ноҳияи Панҷ.

Чанд рӯз пеш президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки дар мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ ба вазифаҳои масъул таъин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот Эмомалӣ Раҳмон ба кадрҳои ба вазифаҳои масъулиятнок таъингардида дастур дод, ки дар ҷаҳорчӯбаи қонунҳои амалкунанда ва оинномаҳои хизматӣ фаъолият намуда, бар зидди ҳамагуна ҷиноят ва қонуншиканӣ мубориза баранд.

«Ҳар кадоми Шумо – кадрҳои ҷавону ояндадор таҷрибаи корӣ доред ва ҳамчун мутахассисони касбӣ шинохта шудаед. Бо мардум робитаи наздик дошта бошед, то дар ҷомеа соҳиби эҳтирому обурӯ гардед» – таъкид намуд Сарвари давлат дар фарҷоми мулоқот.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...