Оби дарёи Сирро ифлос кард. Парвандаи ҷиноӣ алайҳи масъули фермаи хукпарварии ноҳияи Ҷаббор Расулов

Додситони вилояти Суғд алайҳи масъули фермаи хукпарварии ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҷурми  ифлос кардани оби дарёи Сир парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Фурқат Хоҷазода, додситони вилояти Суғд дар нишасти хабарияш гуфт онҳо қаблан Н.Дӯстматов, роҳбари фермаии хукпарварии деҳаи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расуловро се маротиба ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида буданд. Аммо ба гуфтаи додситонӣ хукпарвар такроран ахлот […]

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Додситони вилояти Суғд алайҳи масъули фермаи хукпарварии ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҷурми  ифлос кардани оби дарёи Сир парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Фурқат Хоҷазода, додситони вилояти Суғд дар нишасти хабарияш гуфт онҳо қаблан Н.Дӯстматов, роҳбари фермаии хукпарварии деҳаи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расуловро се маротиба ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида буданд. Аммо ба гуфтаи додситонӣ хукпарвар такроран ахлот ва пешоби зиёда аз 300 сар хуки дар ферма бонишавандаро ба дарёи Сир равона кардааст, ки барои саломаии одамон хатарзо аст.

“Ин ҳолат боиси гирифтории одамон ба бемориҳои сироятӣ ва устухонӣ шуда метавонад. Аз ин рӯ додситонӣ нисбати ин ҳолат парвандаи ҷиноӣ дар асоси моддаи 226 қисми 1-и Кодекси ҷиноятӣ боз кард. Ин парванда ҷавобгарии ҷиноятиро барои ифлос ё олуда кардани обҳои рӯизаминию зерираминиро муқаррар намудааст ва тафтишот анҷом ёфтааст”/

Додситони Суғд мегӯяд, парванда ҳоло барои моҳиятан барраси шудан ба додгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расулов ирсол шудааст ва дар марҳилаи баррасии додгоҳӣ қарор дорад.  

Моддаи 226, қисми 1-и Кодекси ҷиноятӣ “Ифлос кардани об” унвон дорад, ки ҷавобгарӣ ба корҳои ҳатмӣ ба мӯҳлати аз яксаду чил то дусаду чил соат ё ҷарима ба андозаи то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳдуд кардан аз озодӣ ба мӯҳлати ду солро пешбинӣ кардааст. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.