Коронавирус сабаби барнагардонидани занону кӯдакони тоҷик аз Сурияву Ироқ шудааст

Ваколатдори ҳуқуқи инсон ё омбудсмени тоҷик Умед Бобозода дар нишасти хабарии ниҳоди зертобеаш гуфт, ки ҳукумат азм дорад, занону кӯдакони тоҷики дигареро, ки дар кишварҳо ҷангзадаи Ироқу Сурия қарор доранд, ба Ватан баргардонад. Вале ба гуфтаи ӯ, якбора паҳн гаштани бемории коронавирус дар Тоҷикистон ва кишварҳое, ки кӯдакон қарор доранд, ин корро ба ақиб партофт. […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Ваколатдори ҳуқуқи инсон ё омбудсмени тоҷик Умед Бобозода дар нишасти хабарии ниҳоди зертобеаш гуфт, ки ҳукумат азм дорад, занону кӯдакони тоҷики дигареро, ки дар кишварҳо ҷангзадаи Ироқу Сурия қарор доранд, ба Ватан баргардонад. Вале ба гуфтаи ӯ, якбора паҳн гаштани бемории коронавирус дар Тоҷикистон ва кишварҳое, ки кӯдакон қарор доранд, ин корро ба ақиб партофт.

Омбудсмени тоҷик баргардонидани кӯдакони тоҷикро аз минтақаҳои ҷангзада сиёсати инсондӯстонаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон унвон кард ва гуфт, ки дар оянда низ ин чиз дар назар дошта шудааст.

– Ҳукумати Тоҷикистон дар назар дорад, ки қисмати дигари кӯдаконеро, ки дар минтақаҳои ҷангӣ қарор доранд ба ватан баргардонад ва зери ғамхории худ гирад,-гуфт У. Бобозода.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 9-уми апрел дар мулоқот бо сокинони Исфара гуфт, 500 зану кӯдаки тоҷике, ки дар паноҳгоҳҳои Сурия нигаҳдорӣ мешаванд, ба ватан баргардонда хоҳанд шуд.

Ҳоло бар асоси иттилои мавҷуд, дар ду паноҳгоҳи Сурия беш аз 500 зану кӯдаки тоҷик нигаҳдорӣ мешаванд. Онҳо ҳамсару кӯдакони ҷангҷӯёни созмони тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ ҳастанд, ки пас аз шикасти ин созмон ба дасти нерӯҳои курд асир афтодаанд. 

Аксар занони тоҷик дар паноҳгоҳи "Ал-Ҳавл" қарор доранд. Ин паноҳгоҳ зери назорати низомиёни курд аст ва онҳо мегӯянд, дар миёни наздик ба 70 ҳазор паноҳанда аъзои ДОИШ фаъол шудаанд.

Дар идомаи нишасти матбуотӣ ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак Миҷгона Бобоҷонзода, дар мавриди тақдири 84 кӯдаке, ки соли 2019 ба Тоҷикистон оварданду ҳоло таҳти нигоҳубини давлат қарор доранд, гуфт, ки бинобар паҳншавии бемории коронавирус дар кишвар дидорбинии ин кӯдакон аз сӯйи наздикону пайвандонашон  муваққатан манъ шудааст.

Омбудсмени кӯдак дар Тоҷикистон гуфт, ҳанӯз тақдири оянда ва кай ба наздиконашон додани онҳо рӯшан нест.

Ӯ дар мавриди баргардонидани кӯдакон ба наздикону пайвандонашон гуфт, ки дар ин масъала вазорату идораҳои дахлдор кор бурда истодаанд ва ҳангоми ба як хулосаи дақиқ омадан ӯ омода аст, ки ба ВАО маълумоти иловагӣ пешниҳод намояд.

Ёдрас мешавем, ки Тоҷикистон яке аз нахустин кишварҳое буд, ки кӯдакони ноболиғи шаҳрвандонашро, ки ба сафи ҷангҷӯёни ДИИШ пайваста буданду дар ҷангҳои Ироқу Сурия кушта шуда буданд ва ё бархеҳо зиндон шуданд, аз урдугоҳҳои паноҳандагони ин кишварҳо баргардонид. Аз ҷумла 30 апрели соли 2019 84 кӯдакро аз Ироқ бо як парвози вижа ба Тоҷикистон овард.

Ҳарчанд дар аввал гуфта мешуд,  ки кӯдакон баъд аз як муддат ба хешовандонашон дода мешаванд, вале бо вуҷуди дархосту шикоятҳои онҳо ҳанӯз кӯдакон дар ихтиёри мақомот ва дар парваришгоҳҳо қарор доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.