Ширкати сохтмонии Бег Сабур то кунун мушкили биноҳои саохтаашро ҳал накардааст

Ширкати сохтмонии "Комил-2010", ки ба Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон тааллуқ дорад, ҳанӯз мушкили биноҳои сохтаашро ҳал накардааст. Ин нуктаро Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси Кумитаи сохтмону меъмории Тоҷикистон имрӯз дар нишасти хабарӣ изҳор кард. Ин дар ҳолест, ки Зувайдзода дар нишасти хабарии моҳи феврал гуфта буд, ки ба ин ширкат ва ширкатҳои дигари Бег Сабур […]

Ширкати сохтмонии "Комил-2010", ки ба Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон тааллуқ дорад, ҳанӯз мушкили биноҳои сохтаашро ҳал накардааст. Ин нуктаро Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси Кумитаи сохтмону меъмории Тоҷикистон имрӯз дар нишасти хабарӣ изҳор кард.

Ин дар ҳолест, ки Зувайдзода дар нишасти хабарии моҳи феврал гуфта буд, ки ба ин ширкат ва ширкатҳои дигари Бег Сабур муҳлат додаем то сохтмонҳои нотамомашро тамом кунаду иҷозатномаи сохтмонашро бигирем. Ҳамчунин Зувайдзода гуфта буд, ки ширкати "Комил -2010"-ро раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ вориди "рӯйхати сиёҳ" кардааст.

Ҳоло раиси Кумитаи сохтмону меъморӣ мегӯяд, ки " дар иншооти ин ширкат камбудиҳо ошкор шуд. Дар ҳоли ҳозир ширкат ба бартараф кардани ин нуқсон машғул аст ва ҷараёни онро муовини раиси шаҳри Душанбе Амирхон Қурбонзода назорат мекунад. Мо умедворем, ки ҳамаи камбудҳо саривақт бартараф мешаванд".

Зувайдзода дар нишасти хабарии моҳи феврали имсол гуфта буд, ки "шикоятҳо аз камбудҳои биноҳое, ки ширкатҳои Бек Сабур "Комил-2010" ва "Ниагара" сохтаанд, зиёд аст. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.