Эмомалӣ Раҳмон бо омодагии ҷангии марзбонони Панҷу Ҳамадонӣ, ки ҳаммарз бо Афғонистонанд, шинос шудааст

Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, субҳи имрӯз  ба маҳалли будубоши хидматчиёни низомии Неруҳои марзбонӣ ва омодагии ҷангии қисму воҳидҳои низомии ин сохтор, ба ноҳияҳои Панҷу Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон рафт. Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон хабар медиҳад, ки Эмомалӣ Раҳмон  бо ҳайати захираҳои сафарбарии минтақаи мудофиаи ҳудудии вилоят суҳбату вохӯриҳо анҷом додааст. Ин сафари президенти […]

Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, субҳи имрӯз  ба маҳалли будубоши хидматчиёни низомии Неруҳои марзбонӣ ва омодагии ҷангии қисму воҳидҳои низомии ин сохтор, ба ноҳияҳои Панҷу Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон рафт.

Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон хабар медиҳад, ки Эмомалӣ Раҳмон  бо ҳайати захираҳои сафарбарии минтақаи мудофиаи ҳудудии вилоят суҳбату вохӯриҳо анҷом додааст.

Ин сафари президенти Тоҷикистон дар шароите сурат мегирад, ки ноҳияҳои Панҷу Ҳамадонӣ ноҳияҳои ҳаммарз бо Афғонистон мебошанд, ки ҳоло ин манотиқи марзии Афғонистон дар ихтиёри гурӯҳи "Толибон". мебошанд. Толибон тақрибан, наздик ба 80 дар сади манотиқии марзӣ бо Тоҷикистонро дар Афғонистон тасарруф кардаанд. Аз ҷумла бештари влусволиҳои чор вилояти ҳаммарз бо Тоҷикистон – Кундуз, Тахор, Балх ва Бадахшон ба дасти "Толибон" мебошанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури сарбозону афсарон дар мавриди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир ва вазъи имрӯзаи сарҳади давлатӣ ва омодабошии ҷангии ҷузъу томҳо суханронӣ кардааст.

"Вобаста ба авзои кунунии давлати ҳамсояи Афғонистон Президенти мамлакат таъкид доштанд, ки ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон бо ин давлати ҳамҷавор на танҳо барои амнияти кишвари мо, балки дар таъмини бехатарии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва гузашта аз ин, Иттиҳоди Аврупо аҳаммияти махсус дорад".

Эмомалӣ Раҳмон дар суханронияш таъкид кардааст, ки "вазъи имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон аз ҳар хизматчии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва махсусан афсарону сарбозони сарҳадбон ҳушёриву зиракии доимӣ, масъулияти баланд ва омодабошии ҳамешагӣ тақозо менамояд". 

Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бо итминон изҳор кардааст, ки ҳар як афсару сарбоз вазифаҳои бисёр мушкилу масъулиятноки ба зиммааш гузоштаи давлат ва халқи Тоҷикистонро минбаъд низ бо ҳисси баланди миллӣ, ҷасорату матонат ва далериву шуҷоат иҷро мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

И

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.